<br>Оё фарзандатон ба мактабравӣ тайёр аст?


Оё фарзандатон ба мактабравӣ тайёр аст?

  • Набераи ман тарбиягирандаи гурӯҳи тайёрии кӯдакистон аст, имсол ба синфи аввал меравад. Аз сабаби карантин ҳоло дар хона аст. Ҳоло маро як масъала ба ташвиш меорад. Ҷараёни ба мактаб тайёрнамоии ӯ бо кадом тартиб ташкил мегардад?

Холида Мирзоева,

ноҳияи Булунғур.

  • Гарчанде ки имрӯзҳо аз сабаби пандемияи коронавирус фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ боздошта шудааст, аммо ояндаи тарбиятгирандагон ҳамеша дар маркази диққати мо қарор доранд. Барномаҳое, ки аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва шабакаи телевизиони «Болаҷон» таҳия гардида, намоиш дода мешаванд ва омӯзиши фосилавӣ аз ҷониби «Ҳамкории падару модаронва педагогон» -и шӯъбаи вилоятии таълими томактабӣ ва гурӯҳҳои телеграмӣ, ки дар ҳар як ноҳия ташкил карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.
    Имрӯз дар системаи ТТТ-и вилоятамон 61,265 нафар кӯдаки 6-сола фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 13,330 нафар дар гурӯҳҳои таълими томактабӣ, 24 020 нафар дар гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати ТТТ-и давлатӣ, 577 нафар дар ТТТ-и ғайридавлатӣ, 733 нафар дар шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва 3,357 нафар дар ТТТ-и оилавӣ таҳсил мекунанд.
    Бо мақсади тайёр кардани онҳо ба мактаб, Вазорати таълими томактабӣ дафтарҳои кориро, ки барои кӯдакони 6-7-сола пешбинӣ шудааст, дар ТТТ-ҳои давлатӣ тақсим кард. Барномаи мазкур як дастурест, ки барои ривоҷи малакаҳои хаттӣ, ки доираи васеи таснифоти мантиқӣ, таҳлил, синтез, муқоиса, мушоҳида, таҳияи хулосаҳо, навиштан, иҷрои амалиётҳои математикии аз 1 то 20, малакаи хониш ва саводнокии кӯдакони 6-7 соларо таъмин мекунад. Инчунин, супоришҳоеро дар бар мегирад, ки ба ривоҷи фаъолияти эҷодӣ нигаронида шудаанд.
    Кӯдакон метавонанд супоришҳои додашударо бо кӯмаки калонсолон ё мустақилона иҷро кунанд.

Инчунин, барномаи «Боақлакак» («Ақлвой») барои кӯдакони 6-сола, ки дар канали «Болаҷон» пахш мешавад, дар асоси барномаи давлатӣ асос ёфта, ба ривоҷи таълиму тарбия, хониш, малакаҳои эҷодиву мантиқӣ ва барои муҳиту арофро омӯхтани кӯдакон равона шудааст.
Ба савол ҷонишини сардори Садорати таълими томактабии вилояти Самарқанд Д. Азизова ҷавоб дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ