Имрӯз шоири соҳибсалиқа, журналисти бебок, олими нуктадон, доктори илмҳои фалсафа доир ба фанҳои фалсафа, сармуҳаррири рӯзномаи»Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов зодрӯз доранд

Имрӯз шоири соҳибсалиқа, журналисти бебок, олими нуктадон, доктори илмҳои фалсафа доир ба фанҳои фалсафа, сармуҳаррири рӯзномаи»Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов зодрӯз доранд

ЧАРОҒДОР ВА ВОРИСИ АРЗАНДАИ СУХАНВАРОНИ САМАРҚАНД

Имрӯз дар Самарқанди куҳану деринатаърих ва ҳамешаҷавон фаъолят доштани як идда қаламкашони ҷавону закӣ ва пуркору доное ба монанди Хоҷа, Дилшода, Парисо, Баҳодур, Фаридун, Ситора ва дигарон боиси хушнудӣ ва баёнгари ҳастии муҳити илмиву адабӣ ва фарҳангист, ки аз замонҳои хеле дури таърих шакл гирифтану вуҷуд доштани заминаи созгори адабиву маданиро дар ин шаҳри бузурги тамаддунофари ниёгонамон шаҳодат медиҳад.
Аксари қаламкашони номбурда фаъолияти пурсамари чандҷабҳае доранд, ки сазовори муаррифиянд. Яъне аксари онҳо дар ҷанбаҳои мухталиф: таълиму тарбия, эҷоди шеъру ҳикоя, ташвиқу тарғиби сухани бадеӣ, рӯзноманигорӣ ва аз ин даста машғулиятҳо саҳми чашмгире мегузоранд. Шоирони муҳити имрӯзаи адабии Самарқанд Хоҷа, Асадуллоҳ, Дилшода ва Баҳодур аз зумраи чунин эҷодкорони пурталошу пуркореанд, ки фаъолияти воқеан гуногунҷанбае доранд. Номбурдагон ба ҷуз аз шеъргӯиву тадқиқи ҳунарии паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ, инчунин дар таълиму тарбия, таҳқиқу таҳлили масъалаҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ ва тасвири муҳити зиндаи иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дар қолаби навиштаҳои рӯзноманигорӣ низ маҳорате доранд.
Баҳодури Убайдуллоҳ шоир ва муҳаққиқест, ки ин ду риштаи мураккаби эҷодиро тавъам бо рӯзноманигорӣ пешаи ҳамешагии хеш қарор додааст. Ва дар ин се ҷанбаи пурмасъулият фаъолияти эҷодии хешро софдилонаву ҷавонмардона ба хидмати мардум равона кардааст. Зеро ӯ расолати амонатдории эҷодкори асилро хуб дарк кардаву худро барҳақ вориси арзандаи бузургзодагони яке аз гаҳворашаҳрҳои фарҳангу тамаддуни ниёгон медонад:
Ба ҳар хишти манорат нақш дорад
Таманнои ниёгонам, Самарқанд.
Сабақ омӯхтӣ пири хирадро,
Муаллими бузургонам, Самарқанд.
Ормони олии эҷодӣ – ворисӣ карда тавонистан ба ниёгони саодатманд Баҳодурро водор кардааст, ки дар чандин ҷабҳа заҳмати эҷодӣ бикашад ва ниҳоят даргоҳи муқаддаси “Овози Самарқанд” –ро маъвои қаламкашону андешапарварони солманду пуртаҷриба ва ҷавонони ҷустҷӯгар намояд.
Онҳо маҳсули андешаи худро дар оинаи мубаррои ин рӯзнома дида, рӯҳи тоза мегиранд ва бо шавқи дучанд ба кори эҷодӣ мепардозанд. Зеро медонанд, ки муҳаррири огоҳу заҳматписанд ва қадршиносе доранд, ки аз заҳматҳои шабонарӯзии эҷодии ҳамкоронаш меболаду нерӯ мегирад. Ва чунин ормони наҷиби инсони эҷодкорро, ки заҳматписандист, дар ин байтҳо чунин тараннум кардааст:
То нафас ором гирам, оҳи заҳмат мекашам,
Аз гулӯи Оби Раҳмат санги иллат мекашам…
Кӯҳи ғамро хок месозам ба дасти орзу,
Тӯтиё бинмуда, бар чашмам дигар хат мекашам.
Интизори ҳадяи омад набудам соате,
Ҳар нафас бо кӯзапуштӣ бори қисмат мекашам…
Чунин заҳматкашии созандаву ҳунарӣ мудовим бод!
Анзурати Маликзод
адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Душанбе

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ