То охири сол дар майдони 1327 гектари Самарқанд кооперативҳо таъсис дода мешаванд

То охири сол дар майдони 1327 гектари Самарқанд кооперативҳо таъсис дода мешаванд

Мувофиқи фармони Президент «Дар бораи тасдиқи Стратегияи ривоҷи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2030», аз рӯи зиёднамоии даромади оилаҳои камбизоати деҳаҳо консепсия таҳия гардид. Ба ибораи дигар, намояндагони аҳолӣ, ки имконият ва хоҳиши кор дар соҳаи кишоварзӣ доранд, муттаҳид мешаванд ва кооператив ташкил карда мешавад.
Дар вилоят ташкили 52 то кооперативҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар амал бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 63 то расидааст.

Кооперативҳо дар ноҳияҳои Пайариқ ва Кӯшработ ба ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ ихтисосонида шудааст.
Дар ноҳияи Каттақӯрғон корҳои (қулупнай) ва ангурпарварӣ оғоз гардиданд. Бо ин мақсад 106,6 гектар замин ба 279 шаҳрванд ҷудо карда шуд. Барои ташкили кори онҳо ба онҳо беш аз 1 миллиард сӯм кредитҳо ҷудо гардид.
Инчунин, дар ноҳияи Нуробод 87 гектар кооперативҳои боғу сабзавот таъсис дода шуда, дар ноҳияҳои дигар низ шуғли ҳазорҳо нафар шаҳрвандон дар асоси маблағҳои кредит ва субсидия дар кооперативҳои меваю сабзавот таъмин гардид.

Умуман дар 1327 гектар майдони вилоят кооперативҳо таъсис дода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ