Дар дунё шумораи одамони ба инфексияи коронавирус мубталогардида аз 7 миллион нафар гузашт

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс шумораи одамони ба инфексияи коронавирус мубталошуда аз 7 миллион нафар гузаштааст. Аксарияти ҳолатҳои беморшавӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қайд гардидааст. Дар ин ҷо дар 1,9 миллион нафар, дар Бразилия 691,7 ҳазор нафар, дар Россия дар 467 ҳазор нафар, дар Британияи Кабир дар 287, 6 ҳазор нафар, дар Ҳиндустон дар 257,4 ҳазор нафар инфексияи коронавирус муайян шудааст. Дар дунё беш аз 402000 нафар аз беморӣ вафот карданд. Дар ИМА 110,5 ҳазор нафар, дар Британияи Кабир 40,6 ҳазор нафар, дар Бразилия 36,4 ҳазор нафар, дар Италия 33,8 ҳазор нафар, дар Франсия 29,1 ҳазор нафар аз коронавирус вафот карданд. Дар 188 мамлакати дунё инфексияи коронавирус расман тасдиқ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ