Дар Чин минтақае намондааст, ки паҳншавии коронавирус таҳдид кунад

Дар Чин минтақае намондааст, ки паҳншавии коронавирус таҳдид кунад

  • Post category:Ҷаҳон

Мақомоти кишвар эълон кардаанд, ки эпидемия дигар ба Чин таҳдид намекунад. Дар музофоти шимоливу шарқии Тсзилин низ маҳдудиятҳо бардошта мешаванд.
Якбора дар чанд шаҳри минтақа суръати нишондоди паҳншавии коронавирус паст шудааст.
Ҳамин тавр, дар Чин минтақае намондааст, ки дараҷаи таҳдиди паҳншавии COVID-19 баланд ё миёна бошад.
Ёдрас мешавем, охири моҳи март паҳншавии коронавирус дар Чин боз истод.
Дар авохири апрел мақомоти Чин гуфтанд, ки таҳдиди коронавирус дар кишвар пурра бартараф шудаву Чин ба корона пирӯз шудааст.
Аммо, аллакай дар миёнҳои моҳи май дар музофоти Тсзилин ва Вуҳан ҳолатҳои нави сирояти коронавирус тасдиқ шуданд ва ин боиси эълони дубораи карантини фарогир дар кишвар шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ