Дар як вилояти Қирғизистон маҳдудиятҳои карантин пурзӯр карда шуд

Дар як вилояти Қирғизистон маҳдудиятҳои карантин пурзӯр карда шуд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар вилояти Манғистон бо сабаби ҳафт фоиз зиёд шудани ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус, чораҳои карантин шадидтар шуданд.
Ба хабари манбаъ, фаъолияти корхонаҳое, ки тоза ба кор баромаданд, боз боздошта мешавад.
Манбаъ аз қавли сардори Сарраёсати санитарии вилояти Манғистон хабар медиҳад, ки бо сабаби мушкил шудани вазъи эпидемиологӣ, фаъолияти иншооти зерин манъ карда мешавад:
кинотеатрҳо, театрҳо, намоишгоҳҳо, интернет ва клубҳои компютерӣ, қиморхонаҳо; клубҳои шабона; иншооти фароғатӣ (букмекерҳо, билярдҳо, караоке, марказҳои боулинг ва ғайра), тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, утоқҳои зиёфати дорои зиёда аз 30 ҷой, ҳаммомҳо
Қайд карда мешавад, ки низом ва шартҳои чораҳои карантинӣ вобаста ба тағйир ёфтани вазъи бемории коронавирус дар вилоят метавон дигаргун кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ