Аз имрӯз дар Маскав иҷозатномаи рақамӣ бекор карда мешавад

Аз имрӯз дар Маскав иҷозатномаи рақамӣ бекор карда мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин қайд кард, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд.
Эҳтимол меравад, ки миёнаҳои моҳи июн иҷозатномаи рақамӣ, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Маскав ҷорӣ шуд, бекор гардад, хабар медиҳад РИА Новости.
Интизор меравад, ки аз 15 июн гаштугузор дар пойтахти Русия озод мешавад.
Дар баробари ин хабари бекор кардани иҷозатномаҳо рӯзи 8 июн эълон хоҳад шуд.
«Албатта агар шаҳрдор дар дақиқаҳои охир ягон тағйирот ворид накунад», — афзуд манбаъ.
Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар робита ба чораҳои маҳдудкунанда дар пойтахт қарорҳои дахлдор қабул хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ