Александр Мясников: Тарс метавонад боиси гирифтории инсон ба коронавирус шавад


Шифокори рус Александр Мясников сабаби ғариинтизори гирифторшавӣ ба коронавиуси навъи COVID — 19-ро ном бурд.
Тарс метавонад боиси гирифтории инсон ба коронавируси навъи COVID — 19 шавад, гуфт сардухтури беморхонаи рақами 71-и Маскав Александр Мясников дар суҳбат бо шабакаи «Россия 1».
Бино ба гуфти сардухтур тарс ва стресс боиси паст шудани масъунияти (иммунитет) одам мешавад.
Пизишк гуфт, дар паи гузаронидани санҷиш бо мушҳо ӯ ба чунин хулоса омадааст. Таҳлил нишон додааст, ки мушҳои тарсу зуд-зуд бемор мешуданд ва табобаташон ба дарозо мекашид, дар қиёс бо мушҳое, ки нисбатан ором буданд.
«Стресс гармонҳоро сарфа мекунад…ва дигар қувва барои нигоҳ доштани масъуният намемонад. Ман чун пизишк мегӯям, вақте инсон метарсад ӯ бештар бемор мешавад ва дертар шифо меёбад», — шарҳ дод Мясников.
Коршинос ҳамчунин аз мардум даъват кард, ки ба маълумоти бардурӯғ ва носанҷида бовар накунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ