ДИҚҚАТ: баъзе кӯчаҳои Тошканд баста мешаванд


Бино ба хабари ҳокимияти шаҳри Тошканд корҳои бунёдкориву азнавсозӣ др як тарафи роҳи автомобилгарди бурриши чорроҳаи роҳи Фарғона ва кӯчаи 8 март оғоз ёфт.
Инчунин, корҳои барқарорсозӣ дар қитъаи яктарафаи пул аз чорроҳаи кӯчаи роҳи Фарғона бо кӯчаи Мухтор Ашрафӣ то чорроҳаи кӯчаи Ҷарқӯрғон низ амалӣ карда мешаванд.
“Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки бо мақсади пешгирии тирбандшавии роҳ аз роҳҳои доирашакл истифода баранд.

Барои ноқулайиҳои пешомада узр мепурсем- гуфта мешавад дар хабар.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ