Дар давраи карантин аз рӯйи носозии ускунаҳои газ 159 муроҷиат расид

Дар давраи карантин аз рӯйи носозии ускунаҳои газ 159 муроҷиат расид


Гази табиӣ неъмати бебаҳо ҳисобида мешавад. Аз он дуруст ва босамар истофода бурдан мушкилии истеъмолгарро осон мекунад. Дар фоидабарии газ соз будани ускунаҳо аҳамияти муҳим касб менамояд. Бино ба маълумотҳо, ба филиалҳои ноҳиявии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳудудгаз Самарқанд» дар давраи пандемияи коронавирус аз рӯйи ҳолатҳои муаммоҳои мисли баромадани газ, маҳкамшавии ҷумракҳо ё ин ки аз кор баромадани онҳо ба рақами кӯтоҳи 104 аз ҷониби одамон 159 — то муроҷиат омада расидааст. 31 ҳолат дар ноҳияи Пайариқ рост омад.

  • Дар давраи пандемияи коронавирус якҷоя бо шифокорон, ходимони корҳои дохилӣ ходимони идораҳои газ ҳам, дар ҳолати риоя намудан ба қоидаҳои карантин барои мардум хизмат карда истодаанд, — гуфт сарвари филиали «Пайариқ тумангаз» — и ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд» Исомиддин Қодиров. — Дар байни давраи гузашта ба хизмати авария — диспетчерии филиал аз рӯйи носозии ускунаҳои газ аз маҳаллаҳои ба карантин гирифташуда 15 муроҷиат омада расид. Коргари ба ҳудуди мазкур вобастакардашудаи мо Эгамбердӣ Аҳмедов бо худро якка гирифтан 10-12 рӯз ба хонааш нарафта, барои созкунии асбобҳои газ меҳнат кард. Ба ҳамаи мо оқибатҳои аз носозии ускунаҳои газ меомада маълум аст. Хавфи пайдошуда саривақт бартараф карда нашавад, нохушӣ ба амал омаданаш мумкин аст. Бино ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми январи соли 2018 таҳти рақами 22 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба такмилдиҳии тартиби фоидабарӣ аз энергияи барқ ва гази табиӣ» аз рӯйи ҷадвалу тартибҳои тасдиқгардида ба аҳолӣ хизмати профилактикӣ расонда мешавад. — Ҳоло дар вилояти Самарқанд ба 282311 хонадон гази табиӣ расонда мешавад, ба 442083 истеъмолгар бо баллонҳо газ мерасонанд. Дар давраи пандемия аз ҷониби мутахассисони мо бо амал кардани қоидаҳои карантин ба 2681 хонадон дар асоси графики муайяншуда хизмати техникии ҷиҳозҳои газ нишон дода шуд, — гуфт сардори шӯъбаи маҳалликунонӣ, васеъкунии алоқаҳои ҳамкорӣ, стратегияи ривоҷдиҳии инноватсия ва бизнес ва ба мизоҷон хизматрасонии ҷамъият Салоҳиддин Маллаев. Бахтигул ҚАРШИЕВА, котиби матбуоти ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд».
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ