Дар Ӯзбекистон ордени «Фахрий мураббий» таъсис ёфт

Дар Ӯзбекистон ордени «Фахрий мураббий» таъсис ёфт

Аз тарафи Президенти мамлакат қонун «Дар бораи таъсиси ордени «Фахрий мураббий» имзо гардид.
Бо қонун ордени «Фахрий мураббий» таъсис ва низом дар бораи орден тасдиқ гардид.
Бо ордени мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бобати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ҳифзи шуури онҳо аз ғояҳои бегона, дар авлоди наврас ташаккул додани поҳитсияи шаҳрвандӣ ва иммунитети мафкуравӣ, фазилатҳои ташаббускорӣ, фидокорӣ ва ахлоқӣ саҳм гузоштаанд, сарфароз мегарданд.
Қонун аз рӯзи эълони расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ