Дар радабандии кишварҳои осоишта аз COVID-19 Ӯзбекистон дар ҷойи чандум аст?

Дар радабандии кишварҳои осоишта аз COVID-19 Ӯзбекистон дар ҷойи чандум аст?
  • Post category:Ҷаҳон

Ӯзбекистон дар радабандии кишварҳои амн аз COVID-19 байни 200 кишвар ҷои 121-умрро гирифтаст. Ин оморро ташкилоти Deep knowledge group тартиб додааст.
Байни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои 71-умро Қазоқистон, Қирғизистон – 108, Тоҷикистон — 124 ва Туркманистон 131 гирифтаанд.
Ин радабандӣ дар асоси 130 нишондод ба мисли омилҳои самаранокии карантин, таҳлил ва ташхиси беморӣ ва омодагии вазорати тандурустӣ ба пандемия тартиб дода шудааст.
Коршиносон ҳамчунин ба замони эълон кардани маҳудудиятҳо, миқиёси он, давомнокии карантин ва риояи он, иқдомҳои дастгирии иқтисодии аҳолӣ аз ҷониби давлат аҳамият додаанд.
Бояд қайд кард, ки ба панҷгонаи аввали радабандӣ Швейсария, Олмон, Исроил, Сингапур ва Ҷопон ворид шудаанд.
Мавқеи ниҳоиро Лидерия, Афғонистон, Чад, Мали ва Судони Ҷанубӣ касб кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ