Аз пагоҳ сар карда 8 — то зиёратгоҳ фаъолияти худро оғоз мекунад

Аз пагоҳ сар карда 8 — то зиёратгоҳ фаъолияти худро оғоз мекунад


Мувофиқи маълумот, аз санаи 11 — июн сар карда, 8 — то зиёратгоҳи дар тасарруфи фонди ҷамоатию хайриявии «Вақф»- и вилоятбуда барои зиёратчиён дарҳои худро боз мекунанд.
Ба ин дохил мешавад: зиёратгоҳи Хоҷа Дониёр, Имом Мотрудӣ, Хоҷа Абдуи Дарун, Ҳазрати Хизр, Мурод Авлиё, зиёратгоҳ — масҷиди Хоҷа Исҳоқи Валӣ, Хоҷа Абдуи Берун ва Хоҷа Аҳрор Валии ноҳияи Самарқанд, Махдуми Аъзами ноҳияи Оқдарё, Шайх Худойдоди ноҳияи Ҷомбой ва Хоҷа Ҳофиз Меросии ноҳияи Булунғур.
Хотиррасон мекунем, ки маҷмӯаи Имом Бухории ноҳияи Пайариқ ва зиёратгоҳи Чор Чинори ноҳияи Ургут бо сабаби ҳудуди «сурх» буданаш, муваққатан ба фаъолият рухсат дода нашудааст.
Кушодашавии зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд бошад дар якҷоягӣ бо департаменти ривоҷёбии Туризми вилоят дар назар дошта шудааст.

Хизмати Ахбори ҳокимияти шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ