Ҷашнҳои рӯзи 10-уми июн дар ҷаҳон

Дар Молдава — Рӯзи сарҳадчиён.

Дар Русия — Рӯзи мебелсозон.

Дар Урдун — Рӯзи артиш.

Дар Ҷопон — Рӯзи соат.

Рӯзи ҷаҳонии кормандони саноати сабук.

Соли 1793 Вашингтон пойтахти ИМА интихоб гардид.

Соли 1847 аввалин шумораи рӯзномаи «Минбари Чикаго» («Чикаго трибюн») нашр шуд.

Соли 1907 дар Чин сабқати мошинҳои Пекин — Порис оғоз гардида буд, ки 13 000 км дарозӣ дошт.

Соли 1934 дастаи миллии Италия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон Чехословакияро бо ҳисоби 2:1 мағлаб карда, чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид.

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази Бунёди «Русский мир» кушода шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Тошканд мулоқоти Сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ