COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?

Ба ҳолати 10-уми июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 121 ҳазору 751 нафар зиёд шуда, ба 7 миллиону 318 ҳазору 131 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 602 ҳазору 601 кас шифо ёфтаанд ва 413 ҳазору 648 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 045 549 нафар), Бразилия (742 084), Россия (485 253), Британияи Кабир (289 140), Испания (289 046), Ҳиндустон (276 146), Италия (235 561), Перу (203 736), Германия (186 516) ва Эрон (172 114) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (788 862 нафар), Бразилия (325 602), Россия (242 397), Германия (170 200), Италия (168 646), Туркия (144 598), Эрон (138 457), Ҳиндустон (134 670), Чили (95 631) ва Чин (92 929) шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (114 148 нафар), Британияи Кабир (40 883), Бразилия (38 497), Италия (34 043), Франсия (29 296), Испания (27 136), Мексика (14 649), Белгия (9 619), Германия (8 831) ва Эрон (8 425) шомил мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ