Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони COVID-19 ба беш аз 4,5 ҳазор нафар расид

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони COVID-19 ба беш аз 4,5 ҳазор нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар 4763 нафар сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то имрӯз дар ин мамлакат 2947 (61,8%) нафар шифо ёфтаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, шумораи ҳолатҳои фавти гирифторони коронавирус дар ин мамлакат бетағйир боқӣ монда, 48 нафарро ташкил медиҳад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурияти Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар ин кишвар 1002 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи гузашта 132 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ