«Аз дидани хонаҳои зери об монда дилҳо ба ларза омад.» Трамп ба Мирзиёев ҳамдардӣ изҳор кард


Имрӯз, 10-уми июн, Президенти ИМА Доналд Трамп ба Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нома фиристод. Дар ин бора, хазмати матбуотии Шавкат Мирзиёев хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон

Ба Шавкат Мирзиёев

Мӯҳтарам ҷаноби Президент!
Ба шумо ва ба ҷабрдидагоне, ки дар санаи 1-уми майи соли 2020 аз сабаби фоҷиаи сарбанди обанбори Сардоба зарар диданд, ҳамдардии худро изҳор мекунам. Аз дидани тасвири манзилҳои зери обмонда, одамони кӯчонидашуда, роҳҳо ва хоҷагиҳои вайроншуда дилҳо ба ларза омад.
Шумо ба воситаи таваҷҷӯҳу эътибори шахсӣ ва андешидани чораҳои фаврӣ хислмтҳои роҳбариро нишон додед. Департаменти Давлатӣ ва Агентии оид ба ривоҷи байналхалқии ИМА низ ба ин фоҷиа фавран чора дида, барои саривақт расонидани кӯмак маблағгузорӣ карданд.

Иттиҳоди Муттаҳидаи Америка дар ин замонҳои вазнин бо Ӯзбакистон ва мардуми он елкама елка меистад.
Баробари ин, вақте ки мо баҳри мубориза бар зидди коронавирус якҷоя кор мекунем, ман ба маъмурияти худ супориш додам, ки дархости шуморо дар бораи чораҳо оид ба мубориза бо ин пандемия ҳарчи зудтар баррасӣ намоянд.

Бо арзи сипос,

Доналд Трамп,

Президенти Иттиҳоди Муттаҳидаи Америка.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ