Вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолияти Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак муайян карда шуд

Вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолияти Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак муайян карда шуд

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, таъмин кардани кафолати ҳуқуқҳои кӯдак ва ташаккул додани низоми таъсирбахшии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмил додани низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» имзо гардид.
Дар асоси қарор вазифаҳои асосӣ ва самти фаъолияти Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак муайян карда шуд.
Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак дар коркард ва татбиқи Стратегияи иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқҳои кӯдак иштирок мекунад.
Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак ваколатҳои худро мустақилона ва новобаста аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо амалӣ менамояд.
Вакил ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад ва бе розигии палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, ба ҳабс гирифта, ҳабс карда ё ки ба ҷазои маъмурӣ, ки ба тартиби судӣ гузошта мешавад, кашида намешавад.
Нисбат ба Вакил танҳо Прокурори генералии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ кушояд.
Ба маҷбуран овардан, боздоштан, тафтиш кардани Вакил роҳ дода намешавад.
Вакил ҳар сол на дертар аз 15-уми феврали пас аз соли ҳисоботӣ ба палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи вазъи риояи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маърӯза пешниҳод мекунад.
Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) фаъолияти Вакилро ҳамоҳанг месозад.
Вакил дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд намояндагии минтақавии худро ташкил мекунад, ки фаъолияти худро дар асоси ҷамъиятӣ анҷом медиҳад.
Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак ҳатман дар асоси муросо бо Вакил омода карда мешавад.
Бо қарор дар назди Вакили Шӯрои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи ташкил ва вазифаҳои асосии он муайян гардид.
Бояд гуфт, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 22-юми апрели соли 2019 № ҚП‑4296 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд пурзӯр гардондани кафолати ҳуқуқҳои кӯдак» вазифаи ҷонишини Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсман) – Вакил оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷорӣ карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ