«Боғибаланд» – маскани сайёҳӣ мегардад

«Боғибаланд» – маскани сайёҳӣ мегардад

Рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд аз рӯйи масъалаҳои ривоҷи сайёҳӣ Б. Нуруллоев ва ҳокими шаҳри Самарқанд Б. Облоқулов, инчунин дигар вакилони соҳаи туризм бо корҳое, ки дар маҳаллаи Боғибаланд амалӣ мегарданд, шинос шуданд. Дар он масъалаҳои ба кор даровардани маҳаллаи сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуд дар сатҳи муносиб ба сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ як қатор объектҳои хизматрасонии савдо, хизматрасонии маишӣ, нуқтаҳои санитарию гигиенӣ, инчунин, ташкил кардани минтақаҳои Wi-Fi- и бепул ба нақша дароварда шудааст.
Ғайр аз ин, дар ҳудуди маҳалла ба роҳ мондани фаъолияти ошхонаи тобистона барои ташкили мастер-классҳо доир ба омодасозии таомҳои гуногуни миллӣ дар назар аст.
Хонаҳои меҳмон, ҳавзҳои тобистона ва дигар шароитҳои мусоид барои истироҳати бофароғати меҳмонон дар оғӯши табиат мусоидат мекунад. Ташрифоварандагон бо ҷараёни парвариши анҷир дар маҳаллаи Боғибаланд шинос гардида, меваҳои тару тозаро аз худи ҳамин ҷо хариданашон мумкин аст.
Инчунин, дар ҳудуди маҳалла ба роҳ мондани фаъолияти Маркази бисёрсоҳаи тиббии «Бионур медсервис» ба нақша гирифта шудааст. Ин дар навбати худ имкони боз ҳам зиёд кардани шавқи меҳмонҳо ба маҳаллаи сайёҳиро медиҳад.
Хизмати матбуоти Департаменти ривоҷдиҳии сайёҳии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ