Чаро фарзанди худро мефурӯшанд?

«Зан фарзанди 13-солаи худро ба 15 ҳазор доллари амрикоӣ мефурӯхт…»
«Боздошти зане, ки кӯдаки даҳрӯзаи худро ба 1000 доллари амрикоӣ мефурӯхт…»
«Савдои кӯдак: модар ҳангоми фурӯхтани кӯдаки бистрӯзааш дастгир шуд…»
Вақтҳои охир дар барномаҳои телевизионӣ, гуфторҳои радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо чунин хабарҳо тез-тез ба назар мерасад.
Аксари ин хабарҳо як мазмун доранд. Яъне волидон ба нафари бегона кӯдаки навзод ё бачаи мактабхони худро фурӯхтаанд. Дар охир таъкид мекунанд, ки нисбат ба падару модар парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад ва айбдорҳо ҳатман дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Албатта ба ҷавобгарӣ кашидани чунин волидон, ки ба ин номи муборак доғ афтондаанд ва ҳатто ба падару модар ном гирифтани онҳо забон намегардад, амали дуруст аст. Аммо дар ҳамин маврид савол ба миён меояд: чаро онҳо ба ин амали зишт даст заданд? Модар ё падарро чӣ маҷбур кард, ки фарзанд-ҷигарбанди худро фурӯшанд?
Ба ин саволҳо ҳама аз рӯйи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи маънавияти худ ҳар хел ҷавоб медиҳад. Яке сабаби онро аз нодорӣ ва вазъияти мушкили иқтисодӣ гӯяд, дигаре носолим будани муҳити оилавиро унсури асосӣ медонад. Гурӯҳе ин рафтори номатлубро бо камсаводӣ ва бемаънавиятии баъзе падару модарон вобаста медонанд. Аз назари ин гурӯҳ, падару модарони фарзандфурӯш дар муҳити хонаводагӣ таълиму тарбияи хуб нагирифтаанд. Даргоҳи муқаддас будани оила, неъмати бебаҳо будани фарзандро дарк накарда, ба ҳаёти мустақил қадам ниҳодаанд. Бисёр вайрон гардидани оилаҳои ҷавон, бепарастор мондани фарзандон низ маҳз бо ҳамин омил вобаста аст.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре дар ҳамин мавзӯъ паҳн гардид. Гуфта мешавад, ки Ф.А., зани 38 солаи сокини ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ ҳангоми фурӯхтани кӯдаки навзодаш бар ивази 5 миллион сӯм аз тарафи ташкилотҳои ҳуқуқу тартибот боздошт шуд.
Нисбат ба Ф.А. мутобиқи моддаи 135, қисми 3, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ҷазои маҳдуд кардани озодӣ ба муддати 4 сол таъин гардид. Дар хабар Ф.А. сабаби ба ҷиноят даст задани худро чунин шарҳ додааст: «Барои парвариши кӯдак шароит надорам. Шавҳарам солхӯрда аст. Кӯдакро танҳо калон карда наметавонам. Аз ин рӯ, барои фурӯхтани кӯдак маҷбур шудам».
5 миллион сӯм. Нархи як инсон. Дар бораи ин дақиқ андешем, як қатор саволҳо ба миён омада, ба равони кас фишор меоварад: оё ин пул барои нӯҳ моҳ дар батни худ гирифта гаштани тифл меарзад? Наход қимати бо ҳазор мушкилӣ таваллуд кардан чунин арзон аст? Магар ҳангоми ба дасти бегонаҳо супурдани ҷигарбандаш дилаш ба ҳоли кӯдак намесӯзад? Наход тақдири минбаъдаи фарзанд барои чунин волидон беаҳамият аст? Охир кӯдаки навзод чӣ гуноҳ дорад? Агар барои онҳо фарзанд лозим нест, барои тарбия шароит надоранд, чаро ба дунё мебиёранд? Наход аз гуноҳ наметарсанд? Ё мақсад ба даст овардани даромад аст? Сол то сол афзудани адади чунин корҳои ҷиноятӣ чӣ сабаб дорад?

Фирдавс АБДУРАҲМОНОВ, психолог:
– Падару модарон чаро фарзандони худро мефурӯшанд? Ин як қатор сабаб ва унсурҳо дорад. Новобаста аз чӣ гуна омил будани он, волидон фурӯхтани фарзанди худро чун роҳи охирини ҳалли мушкилот мебинанд ва ба ин кор даст мезананд. Яке аз сабабҳои ин эҳтиёҷ аст. Саволи барҳақ ба миён меояд: чаро барои бартарафи эҳтиёҷот чунин роҳро интихоб карданд? Ин худ аз худ сабаби дигареро ба миён меорад, ки ин беиродагӣ мебошад. Одамони беирода, азбаски мустақилона ҳаракат карда наметавонанд ва ҳатто барои озодона ҳаракат кардани худ боварӣ надоранд, ба душвориҳо тоқат накарда, аз пайи ҷустуҷӯи роҳи осони ҳалли муаммо ё мушкилот мешаванд. Бояд гуфт, ки соҳиби иродаи қавӣ набудан, саволи дигареро ба миён меорад: чаро инсон беирода мешавад? Ин ду сабаби асосӣ дорад: ё ҳаёти фаровон ва сериву пурӣ, ё ки нодорӣ, ночорӣ ва мӯҳтоҷӣ. Инчунин, беэътибории волидон ба таълиму тарбияи фарзанд ба беиродагӣ сабаб шуда метавонад. Хӯш, чаро падару модар ба фарзанди худ дониши кофӣ дода наметавонад? Чунки падару модар худ дониши зарурии оиладорӣ ва тарбияи фарзандро надоранд. Вақте ки сатҳи маънавияти падару модар коста аст, онҳо чӣ тавр метавонанд фарзандони соҳибмаънавияту соҳибфарҳангро тарбия кунанд. Агар падару модар доир ба тарбияи фарзанд донишҳои илмӣ ва диниро аз бар намояд, аз айёми тифлӣ ба ӯ дар бораи савобу гуноҳ, хайру зишт, ҳалолу ҳаром маълумот диҳад, росту дурӯғро фаҳмонад, ору номусро омӯзад, онҳоро дар рӯҳияи накӯкориву некрафторӣ тарбия намояд, ҳеҷ гоҳ чунин ҳолат ба миён намеояд. Дар ҳеҷ як оила чунин фарзандони ноқобил ба камол намерасанд ва ҳодисаҳои нохушу ҷиноятҳо рӯй намедиҳанд.
Мебинем, ки як сабаб, боиси ба миён омадани якчанд сабаби дигар мегардад. Нуқтаи ниҳоии ин ҳама сабабҳо бошад, таълиму тарбияи фарзанд аст. Мо танҳо бо таълиму тарбияи дуруст насли наврасро аз чунин амалҳои номатлуб, чун дуздӣ, авбошӣ, фарзандфурӯшӣ, қаллобӣ, танфурӯшӣ, савдои одам ҳифз карда метавонем.

Фарзанд неъмати бебаҳои зиндагӣ аст. Ҳар як инсон бояд ин неъматро қадр кунад. Чунки дар ҷаҳон адади касоне, ки ба нохуни ин гавҳари дил зоранд, кам нестанд. Мо бояд ба фарзандони худ тарбияи нағз диҳем, онҳоро чун инсонҳои комил, худшинос ва худогоҳ, бомаънавият ва бомаърифат тарбия кунем. Нагузорем, ки аз чашми онҳо ашк резад, дар дасти бегонаҳо хор шаванд. Нагузорем, ки ба ғамгусории падаронаву меҳри самимии модарона зор шаванд. Ба онҳо аз худ на кӯшки заррин ва сармояи фаровон, балки тарбияи хуб, таҳаммул, ирода ва хислатҳои ҳамидаи инсониро мерос гузорем. Мо бояд фарзандони худро чунин тарбия кунем, ки фурӯшанда набошанд. Ватан, падару модар, фарзанд, забон, арзишу анъанаҳо, қадру қимати худро бебаҳо донанд. Ин масъулият ва ӯҳдадории ҳар як падару модар дар пеши фарзанд мебошад. Танҳо дар чунин маврид мо ин фарзандфурӯшиҳоро пешгирӣ мекунем.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ