Қабули онлайни ҳуҷҷатҳо оғоз ёфт

Қабули онлайни хатмкунандагони синфи 9-и мактабҳои миёна ба литсейҳои академии назди муассисаҳои таълими олӣ барои соли таҳсили 2020-2021 оғоз ёфт.

Дар литсейҳои академӣ:

  • илмҳои дақиқ;
  • илмҳои табиӣ;
  • забонҳои хориҷӣ;
    -аз рӯи равияи илмҳои иҷтимоиву гуманитарӣ таълими амиқ дода мешавад.

Бо мақсади офаридани мусоидиҳо барои волидон як канали махсуси телеграм таъсис дода шудааст, ки дар бораи ҳамаи литсейҳои академии ҷумҳурият маълумот медиҳад.
Тавассути ин канал хонандагон метавонанд ба воситаи саҳифаҳои расмии литсейҳои академии кишварамон ба соҳаҳои дилхоҳашон ҳуҷҷат супоранд.

Аризаҳо то 30-юми июн қабул карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ