Дӯст дошт, дӯст медоштанд, фавтид!

Дӯст дошт, дӯст медоштанд, фавтид!

  • Post category:Фарҳанг

(Ҳикоя)
Ман ӯро девонавор дӯст медоштам. Воқеан, мо барои чӣ дӯст медорем? Охир, дар дунёи равшан пайдоишро дидан, ҳамеша дар мағз як фикр доштан, дар қалб бо хоҳиши ягона зистан, дар забон чун дуои муқаддас як исмро такрор намуда умр гузаронидан аҷиб нест магар?!
Камина таърихи муҳаббатамонро ба тафсил нақл карда, вақтатонро гирифтанӣ нестам. Таърихи саргузашти ҳамаи дилдодагон ба якдигар монанд ҳастанд. Ман ҳам бо ӯ вохӯрдам ва дӯст доштам! Ҳамаи гап ҳамин. Ман тамоми сол дар оғӯши пурҳарорат, изҳори дили нарм, навозишҳо, нозпарварӣ, бӯсаҳои гарм умр ба сар бурдам. Дар он лаҳзаҳо ӯ ҳастии маро чунон моҳирона забт кард, ки ман шабу рӯзро, зинда ё мурда буданамро, дар кадом дунё зиндагӣ карданамро ҳис намекардам.
… Ва ӯ мурд. Чӣ тавр? Намедонам, ҳеҷ вақт нахоҳам донист. Рӯзе, ки борони пуршиддат меборид, ӯ ба хона тару хаста омад. Рӯзи дигар ба сулфидан пардохт. Ягон ҳафта сулфида гашт. Баъд хобида монд. Худаш чӣ шуд, ки онро ҳеҷ вақт нахоҳам фаҳмид.
Табибон омаданд, чизеро навишта рафтанд. Дору оварданд, кадом як зан ба истеъмоли онҳо маҷбур сохт. Дасту пои маҳбубаам тафсида сурх шудаанд, ҷабинаш низ тар ва гарм, чашмонаш ором ва маҳзун буданд. Ман бо ӯ сӯҳбат оростам. Вай ба саволҳои ман ҷавоб медод. Аҷиб, мо дар бораи чӣ гап мезадем?! Намедонам. Ҳамаашро фаромӯш кардам. Вай мурд. Нафаси вопасини ӯро, ки базӯр шунида мешуд, чун имрӯз дар хотир дорам. Зане, ки болои сараш менишаст, ногоҳ «оҳ» гуфту баъд ҳушам ба худ омад.
Сипас рӯҳонӣ омад. Ӯ дар бораи маҳбубаам ҳарф зада «маъшуқаат?» гӯён пурсид. Ин гапи вай ба ман ҳамчун ҳақорат расид. Зеро ҳеҷ кас барои чунин гуфтан ҳақ надошт. Рӯҳониро аз хона рондам. Баъд рӯҳонии дигарро, ки ширинсухан, нармдил буд, овардаанд. Ҳангоми бо ӯ роҷеъ ба марҳума гап задан худро дошта натавониста, оби дида рехтам.
Ҳангоми маросими дафн дар бораи ӯ гапҳои майда ва ноарзандаро аз ман мепурсиданд. Он вақт хаёлам дар ҷояш набуд. Ҳамин тавр бошад ҳам ҳангоми ба тобуташ мех задан садои он дар ёдам монд… Ё раббӣ!
Ӯро дафн намуданд. Ба зери замин, мана, ба даруни ҳамин лаҳад гузоштанд. Ёру дӯстон, дугонаҳояш омаданд. Ман бо онҳо вохӯрӣ карданро нахостаму аз нигоҳашон гурехта, ба панаҳ гузаштам ва фирор намудам. Дар кӯчаҳо бисёр гаштам. Баъд ба хона омадам. Рӯзи дигар ба саёҳат рафтам.
Чанд рӯз пеш ба Париж бозгаштам. Боз хонаи худамонро, болинамро, мебел, хуллас, ҳамаи он ашёе, ки баъди марги мавҷудоти зинда мемонад, дидан замон хурӯҷи бешафқати ғаму ғусса ва танҳоӣ чунон авҷ гирифт, ки ҳатто тирезаро кушода, худамро ба паст, барои ба болои пул (кӯпрук) партофтан розӣ шудам. Дар иҳотаи ашёе, ки ӯро ба хотир меоранд ба истодан дигар қувват наёфта барои аз манзили хафагазак сарамро гирифта гурехтан шляпаро пӯшида бадар рафтанӣ шудам. Ҳамин вақт ба оинаи ба дар овезон, ки ӯ ҳама вақт ҳангоми ба берун рафтан ва омадан ба худ аз сар то по тамошо мекард, рӯ ба рӯ шудам. Вай ба оина тез-тез нигоҳ мекард, ки назди он мисли шахси мехшуда дер гоҳ истода мондам. Ба назарам ӯ гӯё ҳамон маҳзун табассум мекард. Ман дар рӯ ба рӯйи оина мисли ошиқи шайдо девонаавзо ларзону тарсон чанд лаҳза таваққуф намудам. Дар қалбам нисбат ба ин чизи беҷон ҳарорати гарм пайдо шуд, ки бо ангуштони ларзонам болои оинаро палмосидам. Он ниҳоят сард буд. Оҳ, хотираҳо! Оинаи маҳзун, оинаи пурҳарос, рангин ва ҷондор, манбаи изтиробҳои беохир.
Қалби баъзе шахсон ба ҳамин оина монанд аст. Ҳар гуна қиёфаҳое, ки дар хотираи онҳост, ҳиссиётҳои пурҷӯши қалбашон мисли дар оина аксёфта ва нопадид гашта барин мешаванд.
Ба фикрам, онҳо ниҳоят хушбахтанд…
Ман дар панҷаи тоқатфарсои азоб, бар зидди хоҳиш ва ихтиёр ҷониби қабристоне, ки ӯ дафн шуда буд, раҳсипор шудам. Қабри оддӣ ва хоксоронаи ӯро зуд наёфтам. Дар болои санги қабр худам чунин нависонда будам:
«Дӯст дошт, дӯст доштанд фавтид».

Ҳоло ҷисми чун як даста гул нафиси ӯ дар ҳамин манзил, ки ман истодаам, дар умқи ду метр пӯсида хобидааст. Чӣ қадар даҳшатовар! Ман рӯямро ба хоки пурнам пахш намуда, бисёр нишастам. Сипас, ҳис кардам, ки атрофро торикӣ фаро мегирад. Дар ҳамин лаҳза дар қалби ман ҳиссиёту хоҳиши хосаи ошиқонаи аҷиб туғён зад. Ман бо дилдодаам шаби вопасинро дар ҳамин ҷо, болои қабр гузарондам, шаб то саҳар ишкамсерӣ гиристанро мехостам. Вале маро дида пеш карданашон мумкин аст. Чӣ бояд кард? Зуд ба роҳи фиреб афтодам. Аз ҷо хестам ва дар шаҳри ороми мурдагон ба чор тараф равуо намудам. Мерафтам, меомадам ва мушоҳида кардам, ки ин шаҳр нисбат ба шаҳри зиндаҳо ниҳоят хурд будааст. Гарчанд фавтидагон нисбат ба зиндаҳо якчанд маротиба бисёранд. Ба мо, дар дунёи равшан ҳаёт ба сар бурдагон, нафас гирандагон, се-чаҳор авлоди хӯрда-пӯшида гаштагон чӣ қадар хонаҳои пурҳашамат, кӯчаҳо ва паҳно зарур.
Вале барои сулолаи садҳо марҳумон ва ба вакилони ба абадият рӯоварда ҳеҷ чиз лозим нест. Фақат як мушт хок – тамом вассалом. Замин онҳо ва гуноҳи беҳисоби онҳоро ба оғӯши худ пинҳон кардааст. Ором хобед, марҳумон, қабратон пурнур бодо!
Ҳамин зайл, аз девори қабристони нав ба кӯҳнааш гузашта, ба марҳумоне, ки аллакай аз хотири зиндаҳо фаромӯш шудаанд ва ба абадият пайвастаанд, чашмам афтод. Эҳтимол, ҳа нагуфта дар ин ҷо ҳам қабр кофта мурдаҳои навро меоваранд. Ҳоло ин манзил бо сафедорҳои баланд ва буттаҳои ба якдигар печида банд буд.

Ман танҳо будам. Чунон танҳо будам, ки… Чӣ кор карданро надониста, аз девор гузашта дар байни шохҳои баланди як дарахт пинҳон гардидам ва интизори чодари шаби зулмат гардидам. Ҳамин, ки атрофро торикӣ фаро гирифт, сарпаноҳамро тарк намуда, сӯи макони пури мурдаҳо раҳсипор гаштам.
Саллона-саллона гаштам. Иштибоҳ кардам. Дар чодари зулмат оромгоҳи абадии ӯро гум кардам. Ба санги қабрҳо ва салибҳои санги мармар дасту по зада, ҳамон тез-тез қадам партофта ба пеш мерафтаму манзилашро мекофтам. Сангу панҷара, гулчанбару салибҳоро палмосида медидам. Ангуштонамро болои катибаҳои санги қабр гузошта мехондам. Аз пайроҳаи тангу тори байни қабрҳо мегузаштаму вуҷудамро тарс фаро мегирифт. Қабрҳо, қабрҳо, қабрҳо. Ҳама тараф қабр. Тарафҳои росту чап, пешу оқиб, хуллас ҳама ҷо қабрҳо буданд. Ба роҳ гардӣ дигар мадорам намонд. Қувватам рафта болои мармарсанги қабре нишастам. Таппиши диламро мешунидам. Боз кадом садоро шунидам. Он чӣ шуданаш мумкин аст? Овози номаълум, нофаҳмо. Ин шӯриш дар мағзи ғуввосзадаи ман пайдо шуд ё аз қаъри беохири зулмат омад ва ё аз зери замини ҳазорҳо нафар ҷасади одамонро ба коми худ кашида, ки худам нафаҳмидам. Ба атроф зеҳн мондам. Чӣ қадар нишастанамро нафаҳмидам. Аз тарс шах шуда будам. Тарсу ҳарос гӯё маро аз ақл бегона карда буд, ки ба назарам ҳозир дод мезанам меомад, вале овозам намебаромад.
Як вақт ба назар чунин расид, ки гӯё санги зери ман бардошта мешавад. Бале, худи касе аз паст сангро ҷунбонда бардошт. Саросема аз ҷой хеста ба тарафи гӯри дигар гузаштам. Ё алҳазар! Аз зери санги ҳозиракак нишастаи ман устухонбанд, яъне склети урёне, ки дар бар кафани чиркин дошт, баромад. Ҳоло чашмони ман ба торикӣ одат карда, тамоми ҷисми марҳумро медидам. Катибаҳои болои қабр низ ошкоро ба назар мерасид:
«Дар ин ҷо, дар синни панҷоҳу як дунёи фониро тарк карда, хешу пайвандонашро аз самими қалб дӯст дошта, азизу меҳрубон Жак Оливан хуфтааст».
Марҳум катибаи болои қабрро хонд ва аз пайроҳа сангеро гирифту катибаро ба тоза кардан пардохт. Вай косахонаи холии чашмонашро ба санги болои қабр дӯхта, катибаро тамоман тоза карду бо ангуштони тезаш ба навиштан шурӯъ намуд, ки хати ӯ мисли фосфоркарда шӯълаи сабзрангро ба атроф паҳн намуд:
«Дар ин ҷо Жак Оливан, ки дар синни панҷоҳу як олами равшанро тарк карда, аз сабаби бешафқатӣ ба падару модараш, ҳамсарашро таҳқир ва фарзандонашро азоб дода, ҳамсояҳоро фиребида гуноҳи азим содир кардааст, хобидааст».
Устухонбанд ҷумлаи навиштаашро таҳрир карду ба кори худ бепарво нигариста монд. Ба атроф зеҳн монам, дигар қабрҳо низ кушода шуда, марҳумон ба берун баромада, катибаҳои бардурӯғро кӯр мекардаанд.

Яқин донистам, ки аксарияти марҳумоне, ки аз ҷониби наздикон чун падари меҳридарё, ёри вафодор, писарони оддӣ, духтаракони боиффат, савдогари ҳалол ёдовар шудаанд, дар асл ҷаллодони бераҳм, фиребгар, дурӯя, қасамшикан, беҳаё, аблаҳ ва дурушт будаанд. Онҳо чӣ қадар ашки хунолуди бечорагонро рехтаанд, дуздӣ кардаанд, ба корҳои қабеҳ даст задаанд, муҳаббати одамони дӯстдоштаро поймол кардаанд, ки ҳисобаш нест. Онҳо дар остонаи худ он чизе, ки зиндаҳо ҳақиқати талх, бешафқат ва муқаддасро намедонистанд ё ки донанд ҳам гӯё худро ба нодонӣ мезаданд, менавиштанд.
Балки ӯ ҳам болои қабри худ ягон ҳақиқати ба ман номаълумро навишта бошад, гуфта аз дил гузарондам. Акнун тарси бепоён, ки маро иҳота карда буд, оқибнишинӣ кард. Бо боварии қатъӣ дар байни гӯрҳои кушода ва устухонбандҳо ба ҷустуҷӯи қабри вай шурӯъ намудам.
Гарчанд рӯяш ба кафан печида буд, ӯро аз дур дида шинохтам. Як замон болои мармарсанг ҷумлаи: «Дӯст медошт, дӯст медоштанд, фавтид» ҷумлаи дигари «Ӯ як рӯз ба ҳамсараш хиёнат карда, ҳангоми аз назди дӯстдухтараш бозгаштан зери борон монд ва вафот кард»-ро дидам.
Баъд чуноне, ки гуфтанд, маро аз болои кадом як қабр дар ҳолати беҳушӣ ёфтаанд…

Тарҷумаи Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ