Дирӯз ва имрӯз – асоси оянда

Дирӯз ва имрӯз – асоси оянда

Нашрияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд «Овози Самарқанд» сӣ сол боз чоп мешавад. Ин санаи таърихӣ дар оғози сол дар толори маҷлисҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо қарори ҳокими вилоят дар ҳамкорӣ бо муассиси рӯзнома, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят ва ҳайати таҳририят ҷашн гирифта шуд.Дар барномаи тайёрӣ ба ҷашн чопи се китоб низ дар нақша буд.Инак, китоби саввӯм – «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» ҳам чоп шуд. Гуфтан мумкин аст, ки он яке аз кӯшишоти аввалин роҷеъ ба равшан намудани таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози Самарқанд» мебошад.
Китоб қисман хусусияти библиографӣ дорад. Дар он мақолаҳои кормандон аз дафтари хотирот, гуфтори бузургон, шеърҳои ба «Овози Самарқанди бахшида, инчунин маълумот дар бораи кормандони рӯзнома, ки солҳо дар таҳририят заҳмат кашидаанд ва ҳоло низ фаъолият мебаранд, оварда шудааст. Ҳайати таҳрир ва масъулони нашри китоб кӯшиш ба харҷ додаанд, ки дар он роҷеъ ба таъсис ва фаъолияти рӯзнома бештар маълумот биёранд. Чопи таърихи мухтасари «Овози Самарқанд» ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ дар як радиф бо забони тоҷикӣ арзиш ва сафи хонандагони китобро бешубҳа зиёд мекунад. Қисми «Рӯйхати мушовирону мухбирони фаъоли ҷамоатии рӯзнома» ва «Лаҳзаҳо дар аксҳо» низ ҷолиб аст.
Азбаски нашри китоб аз аввалин кӯшишоти равшан кардани саҳифаҳои таърихи рӯзнома аст, табиист, ки ҳамаи онро пурра дарбар гирифтан ва посух додан ба саволҳо дар ин мавзӯъ аз имконият берун мебошад. Муаррихон хуб медонанд, ки таърихнависӣ корӣ тӯлонӣ ва пурзаҳмат буда, ҷустуҷӯҳои бисёри мӯшикофона ва дақиқро тақозо менамояд. Дар ин ҷода ба сармуҳаррир Б. Раҳмонов, кормандони рӯзнома, мухлисону ихлосмандони таҳқиқи таърихи « Овози Самарқанд» муваффақиятҳои калон орзумандем.
Мегӯянд, ки дирӯз ва имрӯз асоси оянда аст. Бинобар ин, китоби мазкурро қадами устуворе барои омӯзиши таърихи пурраи рӯзнома ва гузоштани асоси ояндаи он гуфтан мумкин аст.

Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ