Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои таълими динӣ оғоз ёфт


Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои таълими динӣ муқаррар карда шуд. Дар ин бора, шӯъбаи таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии идораи мусулмонони Ӯзбекистон хабар дод.
Ҳуҷҷатҳои довталабон барои муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси исломии назди Идораи мусулмонони Ӯзбекистон барои соли таҳсили 2020-2021 ба таври фосилавӣ тавассути вебсайти kabul.muslim.uz қабул карда мешаванд.

Қабул ба муассисаҳои таълими миёнаи махсус ва исломӣ:

Аз 15-уми июн то 5-уми июли соли 2020 (худи ҳамон рӯз ҳам).

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
шиноснома (дар шакли электронӣ);

шаҳодатнома ё диплом (дар бораи хатми литсейи академӣ, коллеҷи миёнаи касбӣ) ​​дар шакли электронӣ;

Шаҳодатномаи донистани забон (барои онҳое, ки мехоҳанд бо забони хориҷӣ ҳуҷҷат супоранд, ғайр аз оне, ки дар шаҳодатнома ё диплом навишта шудааст) дар шакли электронӣ.
Қабул ба муассисаҳои таълими олии динӣ:

Донишкадаи исломии Тошканд ва мадрасаи олии Мир Араб аз 15 -уми июн то 15-уми июли соли 2020 (худи ҳамон рӯз ҳам);

Ба Мактаби илми ҳадис аз 15-уми июн то 5-уми июли соли 2020 (худи ҳамон рӯз ҳам).

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

шиноснома (дар шакли электронӣ);

Шаҳодатномаи хатми маълумоти миёнаи махсуси исломӣ (диплом) дар шакли электронӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ