Аз 12-уми июн фаъолияти Голливуд аз нав барқарор мегардад

Киностудияҳои пешсафи Голливуд корҳояшонро ба туфайли пандемияи коронавирус қатъ карда буданд. Аз 12-уми июн фаъолияти Голливуд аз нав барқарор мешавад. Дар ин бора парирӯз директори Садорати ҳифзи тандурустии ҳавзаи Лос-Анҷелос Барбара Феррер маълум кард. Ӯ таъкид кардааст, ки як қатор боғҳои ҳайвонот, паркҳои обӣ, лагерҳр ва меҳмонхонаҳо дар тасарруфи ширкатҳои телевизионӣ ва кино мебошанд. Менеҷментҳои онҳо хизматрасониҳоро мувофиқи риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ бурданашон шарт аст. «Риоя намудан ба қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ усули ягонаи пешгирии инфексия мебошад.» гуфтааст Феррер.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ