Дар мактаб қулфинай парвариш мекунанд

Аҳли маҳаллаи Қирғизи ноҳияи Каттақӯрғон бобати парвариши қулфинай на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ низ маълум ҳастанд. Чунки на танҳо хонавода ва хоҷагиҳои фермерии маҳалла, балки дар муассисаҳои таълимии ин ҷо низ қулфинайпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Бахусус, имрӯзҳо дар 13 хол майдони замини мактаби таълими умумумии 20-и ноҳия қулфинай киштаанд.
– Мактаби мо дар соли хониши 2018-2019 аз нав бунёд карда шуд, – мегӯяд директори мактаби таълими умумӣ Зайнаб Бердиева. – Як қисми замини мактаб ба як нафар корманд ба иҷора дода шуд. Вай ҳамроҳи хонаводаи худ заминро аз сангҳо тоза карда, қулфинай парвриш кард. Ниҳолакҳои қулпинойе, ки моҳи августи соли гузашта кишта шудаанд, ҳоло ҳосил медиҳанд. Ин пеш аз ҳама рӯзгори як оиларо обод мекунад. Инчунин, иҷорапулие, ки аз он ба даст меояд, барои корҳои ободонии мактаб сарф мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ