Деҳқон заминро бекор намегузорад

Синни Тӯракул Наимов ба ҳафтод наздик шудааст. Ӯ як мӯйсафеди хушмуомила, дурандеш ва чашмикордон аст. Дар тӯли ин солҳо ӯ таҷрибаи бойе андӯхтаасту яке аз нурониёни Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин, андешаҳои вай дар бораи замину зироаткорӣ ва боғу токпарварӣ барои бисёриҳо дарси ибрат шуда метавонад.
Чормағзҳоро аккаҳо мешинонанд
Ман аз бачагӣ дар даруни замину токзор калон шудаам. Аввалҳо бо падарамон якҷоя кор карда бошем, сонӣ танҳо. Сӣ сол тракторчӣ будам. Бо булдозер замин тахт мекардам. Ин ҷойҳо – он тарафи Дарғами Ҷарқишлоқ ҳам пештар ба ҳисоби мардуми худамон буд. Солҳои навад ин ҷойҳоро тахту ҳамвор карда, замини корам кушодем. Токзор бунёд кардем. Ҳоло ҳамчун аъзои хоҷагии фермерии «Диёрҷон» ду гектар токзору сӣ хол майдони зироат дорем. Ҳоло токзорро ба чор нафар писаронам тақсим карда додаам. Бо вуҷуди он, худам ҳар рӯз ба сари току замин меоям.
Даруни токзор дарахтҳои чормағз ҳам ҳастанд. Онҳоро аккаҳо шинондаанд. Баъде, ки саҳл калон шуд, ба кандани он дили одам намешавад. Ҳамин тавр онҳо калон мешаванд, решаҳояшон вақти шудгори байни қаторҳо халал мерасонанд. Онҳоро афтондан даркор. Ток офтобро дӯст медорад.
Касалии нави ток
Имсол боришот зиёд шуд. Дар натиҷаи ин боронгариҳо ток ким-чӣ хел як касал гардид. Касали занг не, шӯр ҳам не, ким-чи хели дигар – баргҳо муҷмак шудаанд. Барои бартараф кардани ин касалӣ доруи «Тапаз» задем. Баъд олтингӯгирд пошидем. Натиҷааш аён нест.
Ба дорухонаи ветеринарӣ рафта касалиашро гуфта дору харида овардем. Вале вай дору ҳам кор накард.
Деҳқониву боғбонӣ осон не. Одам касал шавад, доруву дармон карда, сиҳат мешавад. Вале току зироат ин хел не. Касал, ки шуд, сад дору пошед, ки вай нағз намешавад. Ва панҷоҳ фоизи ҳосил нест мегардад.
Порсол ҳам боронгарӣ шуд. Имсол ҳам. Барои ток камтар хушкӣ ҳам даркор.
Вақти ҳосилҷудокунии ток борон, ки бисёр борид, аз афт, буғи зери замин боло баромад. Аз ҳамин буғ баргҳо хазону буҷмак шуда, ба ҳосил таъсири бад расонида истодааст. Хаёл кардам, ки нағз бурида, баргҳояшро кам кунем ва ба ток шамол расад, шояд вазъият беҳтар шавад. То ҳозир ду маротиба бурида, баргҳояшро кам кардем, натиҷа камтар барин. Дар тарафҳои Янгиариқу Миронқул ин хел не. Шароити обу ҳавои онҳо дигар хел – саҳл сардтару шамолрас бошад, ки токзорҳояшон нағз.
Заминро хор кардан убол аст
Замин ризқу рӯзидиҳандаи мост. Барои ҳамин, заминро хор кардан убол аст. Ҳозир роҳбарони давлат ҳам мегӯянд, ки ҳатто аз замини наздиҳавлигӣ ҳам самаранок истифода барем. Мардуми мо асосан 4 ё 5 хол замини наздиҳавлигӣ доранд. Агар аз аввали баҳор барвақт ба кишту кор сар кунем, мисол барои рӯзгор картошкаву сабзӣ корем, аз як замин то тирамоҳ ду маротиба ҳосил мегирем. Кишти саввумро ҳам гузаронидан мумкин. Барои ин пиёзи кабуд ё ягон хел кабудӣ коридан лозим аст. Агар кабудӣ корем, бемалол онҳоро се-чор маротиба даравида метавонем. Дар зимистон пиёз ва як хел кабудиҳо ҳастанд, ки онҳоро хунук намезананд. Пеш аз соли нав боз замин холӣ мешавад.
Кишти кабудиҳои тобистона дар як моҳ- чил рӯз тайёр мегарданд. Барои картошка бошад, 80-90 рӯз зарур аст. Сабзӣ ҳам ҳамчунин. Барвақт корида мегиреду баъд дар рӯзгоратон истифода мебаред. Барзиёдашро фурӯшед, барои зиндагонӣ даромад мешавад. Даромад ба навъҳои зироати коридаатон ва ба бозор вобаста мебошад. Баъзе намудҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ қиматтару баъзеаш арзонтар. Аз як хол замин як миллион сӯм фоида дидан ҳам мумкин. Вале дар бозор нахаранд, деҳқон зарар ҳам мекунад. Зарарашро ҳам деҳқон мебардорад. Чунки дигар илоҷ надорад.

Хароҷоти деҳқонӣ зиёд аст. Барои обаш пул медиҳад. Масалан, заминашро бо тракторҳои дастӣ шудгор кардани шавад, ба як холаш 50 ҳазор талаб мекунанд. Хайр, доруҳои маҳаллӣ аз худашон мебарояд. Доруҳои минералӣ қимат. Масалан, доруи селитра 120 ҳазор сӯм шудааст. Як халта аммофос 220-230 ҳазор. Ин хел доруҳоро ҳар кас ҳам харида наметавонад. Барои инҳо пули калон даркор. Агар барои ҷӯякашӣ ё кандан мардикор биёрад, боз хароҷоти марди деҳқон зиёдтар мешавад. Барои ҳамин худи одам тамоми корҳои деҳқониашро иҷро кунад, беҳтар аст. Лекин фермерон ба кор фармудани мардикорон маҷбур мешаванд.
Барои он ки деҳқон даромади нағз гирад, бояд чашмикордон шавад, чӣ кориданашро донад. Тахмин-таваккал ҳар чӣ коридан нагирад. Масалан, картошка корад, дар бозор нағз ба фурӯш наравад, ки барои рӯзгор даркор. Имрӯз нагирад, пагоҳ мегирад. Саҳл арзон ва ё саҳл қимат бошад, ки мехаранд. Баъзе чизҳо кореду тайёр шавад, бозор нагирад, аз байн чор рӯз ё як ҳафта нагузашта, ҳамааш бекора мешавад. Масалан, кабудӣ. Ҳозир тайёр. Дар давоми як ҳафта фурӯхта натавонед, аз баҳри вай мебароед. Пиёзи кабуд, шибит, гашнич ё чизи дигар ба ҳеҷ кас даркор нашуда мемонад. Онҳоро хушк карда гирифта ҳам намешавад. Ба мол диҳед, фишорашро паст карда, дарунрав мекунад. Маҷбур барои он ки умри замин беҳуда нагузарад, ҳамаашро даравида мепартоед. Кам-ками ин хел чизҳо нағз. Юнучқа коред ҳам, фоида. Ҳозир пресси беда ба 20 ҳазор сӯм расидааст. Ба молатон даркор. Албатта, маҳсулоти деҳқонӣ нисбати дигар чизҳо арзон. Масалан, шир аз об қариб, ки арзон шудааст. Он хел маҳсулотҳоро бисёр истеҳсол карда баромадан мумкин. Вале маҳсулоти деҳқониро не. То Худо надиҳад, ҳосил нағз намешавад. Масалан, помидор мекоред, кирм хӯрда меравад. Картошкаро кунғуз мехӯрад. Лекин зарар кунем ҳам, мо ҳамин касбро мекунем. Дар куҷое хонда будам: деҳқон бой ҳам намешавад, вале аз гуруснагӣ ҳам намемурад. Чунки мехӯрдагӣ чизаш ҳаст. Солҳои охир ҳашарот бисёр шудааст. Вале манбааш аз куҷо, ман намедонам. Аз бачагӣ, ки дар даруни замину ток гаштем, пештар ҳеҷ хел дору намезадем. Ҳар сол ҳосили ток нағз мешуд. Хайр, дар даруни як гектар токзор, ҳамон ҷое, ки бештар об хӯрдааст, чанд кунда токро шӯр мезад. Дигар ин хел касалиҳои бисёр набуд. Дар хотир дорам, ки ангурро канем, нақша зуд буд мешуд. Мавиз бисёр шуда мерафт. Картошкаро кирм намехӯрд. Помидор ҳам ҳамин хел. Қуттиро ҳамту мемондем, дар ҷояш пур мешуд. Дар чинаки якум якта-нимта кирми кабуд дошта бошад, ки баъд гум мешуд. Он помидор баъд то тирамоҳ ҳосил медод. Ҳозир аз куҷо ин хел офат пайдо шудааст, ман намедонам. Агар инро олимон исбот карда натавонанд, мо намедонем. Чунки чанд сол боз помидор дар саҳро нашуда истодааст. Ҳозир фақат помидори гармхонагӣ мешавад.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, деҳқон деҳқониашро мекунад. Сол чӣ хел наояд, мо бо зарар намебароем. Масалан, токзорро гирем. Ҳосил нағз нашавад, ки даруни ҷӯяҳо алаф мешавад. Алафашро ба молҳо медиҳем. Ба ҳар ҳол даромад мегирем. Зиндагӣ ҳамин хел аст. Ба ҳамааш тоқат карда, хушбин шудан лозим аст…

Таснифи
Бахтиёри ҶУМЪА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ