Массимо Клементи: коронавирус заиф шуда истодааст

Массимо Клементи: коронавирус заиф шуда истодааст
  • Post category:Саломатӣ


Дар тирамоҳ авҷ нагирифтани мавҷи дуввуми пандемия COVID-19 эҳтимолияти бузург дорад. Таҳқиқоти илмии вақтҳои охир нишон медиҳанд, ки коронавирус заиф шуда истодааст. Ин изҳоротро вирусологи итолиёӣ Массимо Клементи дод.
Массимо Клементи, проректори Донишгоҳи «Vita-Salute San Raffaele» дар шаҳри Милан, таъкид кард, ки моҳи май табибони итолиёвӣ дар беморони гирифтори бемории коронавирус коҳиш ёфтани шакли шадиди бемориро аниқ карданд.
«Ҳамзамон, на танҳо кам гардидани шумораи беморон, балки кам шудани шумораи шахсони ба муолиҷа гирифташуда дар шӯъбаи реаниматсионӣ низ мушоҳида гардид. Ҳамзамон шумораи бемороне, ки дар хона табобат карда мешаванд, зиёд шуд», — гуфт Массимо Клементи.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ