Ортиқова: «Биёед аз имрӯз бар зидди коррупсия мубориза мебарем»

Ортиқова: «Биёед аз имрӯз бар зидди коррупсия мубориза мебарем»
  • Post category:Асосӣ


Ҷонишини Прокурори Ӯзбекистон Светлана Ортиқова мегӯяд, ки барои беҳтар кардани сифати зиндагӣ дар кишвар аввало бар зидди коррупсия мубориза бурда, решакан кардани он зарур аст. Дар ин бора, ӯ имрӯз 11-уми июн, дар брифинге, ки оиди лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати давлатии шаҳрвандӣ» барпо гардида, ҳарф зад.
«Агар ман ба коррупсия ҳамроҳ нашавам ва аз буҷаи давлат толон тороҷ накунам, пагоҳ зиндагии аъзоёни оилаи ман беҳтар хоҳад шуд. Азбаски буҷаи давлат бой аст, мардум бештар бой мешаванд, намояндаи хурдтарарини он Ортиқова ҳам бойтар мешавад.
Агар мову шумо ба сифати кадри -25 ин ҳақиқатро ба шуури ҳар як шаҳрванд ҷо намоем, нуран аъло нур мешуд. Оё медонед, ки сифати ҳаёт чӣ маъно дорад? Ин чунин маъно дорад, ки таълим, тиббиёт, роҳҳо, сохтмон ва тамоми ҳаёти мо сифатнок хоҳад буд. Биёед аз имрӯз сар карда, зидди коррупсия мубориза мебарем. «Биёед мазмуни ғояҳои президентро дарк кунем ва лоиҳаро бо коршиносон муҳокима намуда, сипас андешаи худро иброз намоем, дар он вақт исбот хоҳем кард, ки мо давлати қонунбардорро бунёд карда истодаем»-гуфт Ортиқова.
Барои маълумот, нисбати ҳамаи шахсони мансабдор як хел татбиқ нашудани банди пешниҳоди деклоратсияҳои даромадҳои хизматчиёни давлатӣ, ки дар лоиҳаи қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» дохил карда шудааст, ба мунозараҳои бисёр сабаб шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ