Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.
Дар Русия иди умумимиллӣ — Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.
Дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ.
Дар Туркманистон — Рӯзи илм.
Рӯзи дилдодаҳо дар Бразилия.
Рӯзи сулҳ дар Парагвай.
Рӯзи истиқлоли Филиппин.
Соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил гардид.
Соли 1900 дар Олмон қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.
Соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.
Соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи телевизионии WCFL ба эфир баромаданд. Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.
Соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ манъ шуд.
Соли 1990 сензура дар қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»-и СССР бекор карда шуд.
Соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Русия Борис Елсин роҳбари давлати ин кишвар интихоб гардид.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ