Ӯзбекистон ба тақдири дигар кишварҳо бефарқ нест

Ӯзбекистон ба тақдири дигар кишварҳо бефарқ нест

Дар даври пандемия Ӯзбекистон на танҳо ба тақдири халқи худ, балки ба ояндаи дигар кишварҳо низ бефарқ нест. Албатта ин беҳуда нест. Солҳои охир дар сиёсати хориҷии кишвар рӯҳияи нав, нигоҳи прагматикӣ бобати афзудани нуфузи байналхалқии мамлакат аҳамияти муҳим касб мекунад.
Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар саммити ғайринавбатии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон, ки 10-уми апрели соли ҷорӣ доир гардид, дар бораи зарурати муттаҳидаи бобати мубориза алайҳи коронавирус, корбарӣ дар асоси тамоилҳои ҳамкорӣ ва ғамхории байниҳамдигарӣ алоҳида таъкид кард.
Дар даври пандемия самти устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар фиристондани ёриҳои башардӯстона ба як қатор кишварҳо намоён гардид.
Новобаста аз душвориҳо Ӯзбекистон ба як қатор мамлакатҳои ҳамсоя ва наздик дасти ёрӣ дароз кард.
Бо супориши Президенти Ӯзбекистон ба Хитой, Эрон, Венгрия, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Белоруссия ва дигар давлатҳо ёрии башардӯстона фиристода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ