Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо вақти сар шудани мусобиқаҳоро гуфт


Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер моҳи сентябрро замони аз сар гирифтани мусобиқаҳо гуфт.
 Федератсияи байналмилалии дзюдо умедвор аст, ки силсиламусобиқоти ҷаҳонӣ, ки бо сабаби бемории дунёгири COVID-19 муваққатан боз дошта буд, моҳи сентябр аз нав шурӯъ шавад, хабар медиҳад сомонаи «Варзиш».
Дар номае, ки ба ҳамаи федератсияҳои миллӣ фиристода шудааст, президенти федератсия Мариус Визер моҳи сентябрро таърихи эҳтимолии шурӯи мусобиқаҳо гуфтааст, вале таъкид кардааст, ки боз ҳам ба вазъи тандурустии ҷаҳон вобаста мебошад.
«Мо умедворем, ки дар тирамоҳ бӯҳрон дар соҳаи тандурустии ҷаҳон дигар монеи кор ва парвози ҳавопаймоҳо нахоҳад шуд», — изҳор доштааст Мариус Визер.
Зимнан, Визер таъкид намудааст Федератсияи байналмилалии дзюдо нақша дорад мусобиқаҳоеро доир намояд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ барои ҳамаи иштирокчиён дастрас бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ