Фоидаи зардолу Дарозии ин дарахт то 10 метр, баъзеаш аз он ҳам баландтар мешавад

Фоидаи зардолу Дарозии ин дарахт то 10 метр, баъзеаш аз он ҳам баландтар мешавад

Баргаш шаклҳои дил, гирдак ва тухмро дорад. Баъзеаш нӯгтез, канорҳояш аррашакл мебошад. Гулаш калон, сафед ва нилобиранг буда, дар шохҳо аз ҳам ҷудо ҷой мегиранд. Навъҳои зардолу бо мева, шакли ранг ва вазнаш нигоҳ карда, гуногун мешаванд. Моҳҳои март-апрел гул мекунад. Мевааш моҳҳои май-июн мепазад. Ин дарахт ба тарзи табиӣ дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ, Доғистони Марказӣ ва Хитои Шарқӣ месабзад. Ҳоло зардолу аз дарахтҳои бисёрпаҳншудаи дунё ба ҳисоб меравад. Дар таркиби ин меваи хушхӯр то 27 фоиз қанд, то 2,5 фоиз туршиҳои органикӣ, пектин, крахмал, моддаҳои ҳазмкунанда, оҳан, мис, калсий, магний барин микроэлементҳои фоидаовар, намакҳои калий, С, РР, каротин барин моддаҳои фоидаовар ҳаст. Дар таркиби мағзи донакаш бошад, то 50 фоиз равған, моддаҳои сафеда, витамин, гликозид, амигдалин мавҷуд аст. Табиби машҳур Ибни Сино гуфтааст, ки зардолу ва шилми он фаъолияти меъдаву рӯдаро хуб мекунад. Зардолу аз рӯйи хуштаъмӣ, ғизонокӣ, хусусияти парҳезӣ ва лаззаташ дар байни дигар меваҳо ҷойи аввалро мегирад. Аз рӯйи миқдори каротин (витамини А) навъҳои зардолуи норинҷӣ ва зард ба зардии тухм ва равғани маска баробар аст. Бо зардолу ҳатто гипертония ва баъзе бемориҳои дигарро табобат кардан мумкин аст. Вақти серобии ин мева мураббову шарбат ва ғайра тайёр кунанд, он дар фасли сарди зимистон манбаи витаминҳо мешавад. Таҳияи Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ