Дар Эрон дар тӯйи арӯсӣ 50 нафар гирифтори коронавирус гардиданд**

Панҷоҳ нафаре, ки дар маросими арӯсӣ дар шаҳри Ардал дар устони Чаҳормаҳол ва Бахтиёрии Эрон ширкат варзиданд, ба коронавирус олуда шуданд.
Маҳмуди Киёнӣ, фармондори шаҳристони Ардал таъкид доштааст, ки беш аз 118 тести коронавирус зарфи як ҳафтаи гузашта, аз меҳмонони як ҷашнӣ арӯсӣ дар шаҳристони Ардал гирифта шуд, ки мутаассифона, тести 50 нафар аз онон мусбат ташхис дода шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Киёнӣ афзуд, ки баргузории маросими арӯсӣ ва ҳузури афрод аз дигар манотиқи Эрон дар шаҳристони Ардал, мунҷар ба мубтало шудани афрод ва бастагони хонаводаи мизбон ба коронавирус шуд.
Ба гуфтаи фармондори Ардал, афроде, ки натиҷаи тести онҳо мусбат буда, таҳти муроқибатҳои вижа ва карантини хонагӣ ва васоили ҳифозати шахсӣ, аз ҷумла мисвок, дасткаш ва дору дар ихтиёри онҳо қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон,  дар 24 соати гузашта, 2 238 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар кишвар шиносоӣ шуда, ки 688 нафар бистарӣ ва бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамотрасонӣ шуданд.
Лорӣ афзуд, дар шабонарӯзи гузашта 78 бемор низ мутаассифона ҷони худро аз даст доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ