Ҳамсари раисҷумҳури Украина гирифтори коронавирус шудааст

Ҳамсари раисҷумҳури Украина гирифтори коронавирус шудааст
  • Post category:Ҷаҳон

Елена Зеленская, ҳамсари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мубтало ба вируси корона шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти Украина.
Таъкид шудааст, ки ҳамсари раисҷумҳур ҳоло табобат мегирад ва зери назорати пизишкон аст. Инчунин, аз Владимир Зеленский ва фарзандони ӯ тестҳо барои коронавирус гирифта шуд. Тестҳо натиҷаҳои манфӣ нишон доданд.
“Тести ҳамсари раисҷумҳури Украина Елена Зеленская барои вируси корона натиҷаи мусбӣ дод. Дар ҳамин ҳол, ҳамсари раисҷумҳур худро хуб ҳис мекунад ва ҳеҷ нишонае маризӣ надорад”, — гуфта шудааст дар иттилои дафтари матбуоти президенти Украина.
Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки ҳангоми дидорҳои корӣ ва ғайри корӣ хонум Зеленская ба риояи чораҳои беҳдоштӣ, ки аз сӯи вазорати тандурустии ин кишвар пешниҳод шуда буд, сахт аҳамият медодааст.  Елена ҳамеша аз озмоиш мешузаштааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ