14-уми июн – Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун Варами рагҳои даст аз чист?

14-уми июн – Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун Варами рагҳои даст аз чист?

14-уми июн – Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. («Донор» калимаи юнонӣ буда, маънояш «тӯҳфа ё инъом» аст). Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер — барандаи мукофоти нобелӣ интихоб шудааст, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст. Аз соли 2005 ин сана чун Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад ва мақсад аз он ҷалби таваҷҷӯҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо сабаби калон шудани варидҳо (венаҳо) халал ёфтани хунгардиши капиллярӣ аст. Вақте ки ҳаракати хун дар венаҳо душвор мегардад, онҳо варам мекунанд. Душвор гаштани ҳаракати хун дар венаҳо сабабҳои гуногун дорад ва муолиҷа низ ба ҳамин вобаста аст.
Якум: хусусияти генетикии организм.
Дуюм: сабаби танг шудани мӯрагҳо (капиллярҳо) тамокукашӣ аст (сарфи назар аз он ки худи шахс сигор мекашад ё дигарон дар назди ӯ сигор дуд мекунанд). Никотин боиси танг шудани рагҳои хурди хунгузар мешавад.
Сеюм: дурушт шудани рагҳои хунгард, ки ба халал ёфтани гардиши хун оварда мерасонад. Сабаби дурушт гаштани рагҳо дар деворҳои раг таҳшин шудани зарраҳои холестеринии намаки оксиди карбамид ва бад шудани қобилияти чандирии рагҳо мебошад. Агар сабаби бемории шумо ҳамин бошад, пас барои беҳтар шудани ҳолат шумо бояд аз паи муолиҷаи атеросклероз шавед. Табобати атеросклероз давоҳои халқӣ низ дорад.
Чаҳорум: сабаби халал ёфтани гардиши хун дар дастҳо мумкин аст, кори бади дил ё шуш бошад. Дар ин ҳолат ба шумо маслиҳат медиҳам, ки дастонатонро зуд-зуд боло бардошта афшонед. Ин машқ хеле содда бошад ҳам, нафъи калон дорад. Вай имкон медиҳад, ки ҳаракати хун дар капиллярҳо барқарор шавад. Ба дастон бонавбат рехтани оби гарм ва хунук ҳам муфид аст: аввал оби гарм ва сипас оби хунук (ин амалро ҳатман ба оби хунук анҷом додан лозим). Баъд аз ин дастҳоро боло бардошта афшонед.

Гулсара АБДУЛЛОЕВА, шифокори дараҷаи олии стансияи хунгузаронии рақами 1-и вилоят

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ