Маҷмӯи қоидаҳои Фармони Президенти Ӯзбекистон ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ нашр шуд

Маҷмӯи қоидаҳои Фармони Президенти Ӯзбекистон ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ нашр шуд

Қоидаҳои асосии Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муҳлати ҷазоро адо менамоянд, аз кирдорашон  самимона тавба кардаанд ва қатъӣ ба роҳи ислоҳ гузаштаанд» аз 21 майи соли 2020 ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул шуда,  ба ҳамаи забонҳои расмии СММ байни давлатҳои аъзои созмон паҳн карда шуданд. 
Ҳуҷҷат тибқи банди рӯзномаи иҷлосияи «Ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон» нашр шудааст. Дар он қайд мегардад, ки Фармон дар арафаи  таҷлили иди Рамазон ҳамчун зуҳури равшани сифатҳои неки халқи Ӯзбекистон – меҳрубонӣ, саховатмандӣ, башардӯстӣ ва раҳмдилӣ қабул шуд. 16 нафар аз адои ҷазои асосӣ пурра озод, 101 нафар аз адои ҷазо шартан пеш аз муҳлат озод карда шудаанд, ҷазои ба 24 нафар таъиншуда бо ҷазои сабуктар иваз карда шудааст. Илова бар ин, нисбати 117 нафар ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ кам карда шудааст.
Чи хеле ки хабар дода мешавад, дар байни афвшудагон 7 нафар мардони синнашон аз 60 боло, 1 нафар зан, 7 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, 164 нафар шахсоне, ки дар фаъолияти ташкилотҳои манъшуда иштирок кардаанд, мебошанд.
Таъкид гардид, ки вазорату идораҳои дахлдори Ӯзбекистон дар баргардонидани шахсони афвшуда ба ҳалқаи оила ва хешовандон, кӯмак расонидан дар мутобиқкунии иҷтимоӣ, машғул шудан бо корҳои фоиданок, интихоби тарзи ҳаёти солим ва дар ҷомеа дарёфтани мавқеи сазовор ҷалб карда мешаванд.
Қабули фармони роҳбари давлати мо ба сифати ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 74-уми Ассамблеяи генералии СММ дар бораи аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани пайравӣ ва кӯшишҳои Ӯзбекистон дар таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон далолат медиҳад.

АИ «Дунё»,
НЬЮ-ЙОРК

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ