Муассисаҳои таълими олӣ миқдори маблағи контрактро мустақилона муайян мекунад

Ба муассисаҳои таълими олӣ, ки ба системаи худмолиякунонӣ гузаштанд, ҳуқуқи интихоби миқдори контракт дода шуд.
Қарори Президент «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатии қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли таҳсили 2020/2021» қабул карда шуд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, ба муассисаҳои таълими олӣ, ки ба системаи худмолиякунонӣ гузаштанд, ҳуқуқи интихоби миқдори контракт бар асоси маблағгузории пурраи худмолиякунонӣ дода шуд.
Ректорони муассисаҳои таълими олӣ, ки ба системаи худмолиякунонӣ гузаштанд, ба муддати як ҳафта дар бораи ҳаҷми пардохтҳои шартномавӣ барои ихтисосҳои бакалавр ва магистрҳо дар ВАО ва Интернет маълумот нашр мекунанд.
Бояд гуфт, ки аз 1-уми январи соли 2020 10 то муассисаи таълими олии зерин ба тариқи санҷиш ба системаи худмолиякунонӣ гузаронда мешаванд:
● Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд;
● Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд;
● Донишгоҳи давлатии юридикии Тошканд;
● Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд;
● Донишкадаи молияи Тошканд;
● Донишкадаи шарқшиносии Тошканд;
● Донишкадаи фармасевтикаи Тошканд;
● Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон;
● Донишгоҳи давлатии Урганч;
● Донишкадаи муҳандисии роҳи оҳани Тошканд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ