Тоҷикистон: теъдоди умумии қурбониён аз коронавирус ба 50 нафар баробар шуд

Шабонарӯзи гузашта бар асари маризии сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як бемор ҷон бохт. Ҳамакнун теъдоди умумии қурбониён дар ин кишвар ба 50 нафар баробар шуд.
Дар ин бора Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Тоҷикистон хабар додааст.
То соати 17:30 дақиқаи 13-уми июн  дар Тоҷикистон 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)   нафар шифо ёфтаанд», — таъкид мешавад дар хабар.
Зимнан, то 13 — уми июн дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ