Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи дар куҷо гузаронида мешавад?

Дана Уайт президенти UFC макони баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва размикори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷиро гуфт.
Ба гуфти президенти UFC рақобати размикори доғистонӣ  Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва варзишкори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷи дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мешавад.
Ба гузориши MMAFIghting UFC барои гузаронидани чорабиниҳояш бо Аморати муттаҳидаи Араб созишномаи панҷсола ба имзо расонидааст.
Дана Уайт ҳамчунин гуфтааст, Арабистон хеле дастгирӣ кард ва онҳо бо муҳорибаҳои тамошобинтарин бармегарданд.
Дар бораи набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи ҳоло санаи дақиқ эълон нагаштааст.
Қаблан менеҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, эҳтимол дорад рақобати Гейҷӣ ва Ҳабиб моҳи сентябр баргузор шавад, вале то ҳол ин масъала ба пуррагӣ ҳал нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ