Оё медонед, ки шумораи аз ҳама зиёди занони бекор дар кадом ҳудуди Ӯзбекистон қайд шудааст


Байни моҳҳои январ- марти соли 2020, беш аз 20 ҳазор нафар занон барои кор ба хориҷа рафтаанд.
Ҳиссаи аз ҳама зиёди занони бекор ба вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Самарқанд рост меояд.

Дар видеоконфронси бахшида ба татбиқи системаи нав, ки ба сохтори «Маҳаллаи обод ва бехатар» маълум гардид, ки дар айни замон дар кишварамон 524 ҳазору 241 нафар зани бекор ҳастанд.
Аз ҷумла, шумораи аз ҳама зиёд дар вилоятҳои Фарғона (83400), Андиҷон (78777), Самарқанд (62487), Қашқадарё (59111), Сурхондарё (50995), Бухоро (30210) мебошанд. Дар вилоятҳои боқимонда шумораи миёнаи занони бекор 25 ҳазор нафар аст. Дар Тошканд 8017 нафар зани бекор ба қайд гирифта шудааст.
Ҷонишини якуми вазири маҳалла ва дастгирии оила Элмира Баситханова таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқии заноне, ки дар хориҷа кор мекунанд, таъмин нашудааст.
«Дар натиҷаи ташкили ғайриқаноатбахши кори инфиродӣ бо занони бекор, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, истифодаи имтиёзҳо, дар моҳҳои январ-марти соли 2020, беш аз 20 ҳазор нафар занон барои кор ба хориҷа рафтаанд.
То имрӯз дар бораи заноне, ки ғайрирасмӣ кишварро тарк кардаанд, маълумоти расмӣ мавҷуд нест ва ҳифзи ҳуқуқии онҳое, ки ба хориҷа мераванд, таъмин карда нашудааст.
Инчунин, Баситханова қайд намуд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ беш аз 15000 нафар заноне, ки дар натиҷаи пандемия бекор мондаанд, ба марказҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ