Шумораи гирифторони коронавирус дар Афғонистон ба 25 ҳазор нафар наздик шуд

Вазорати беҳдошти Афғонистон аз 556 мавориди нави мубталошавӣ ба вируси COVID — 19 хабар медиҳад. Бо илова шудани теъдоди ҷадиди сироятёфтагон, шумораи умумии дардмандони коронавирус дар ин кишвар ба 24 102 нафар баробар шудааст.
Бар хабари Tolo News, шабонарӯзи ахир дасти кам 5 маризи коронавирус ҷони худро аз даст доданд.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Афғонистон ҷамъан 451 бемори вируси COVID — 19 — ро аз даст дод. Бар замми ин, 4201 нафар пурра аз ин беморӣ шифо ёфта, аз дармонгоҳо мураххас шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ