ЗОДРӮЗ ҲУҶАСТА БОД!

Имрӯз сухандони бомаҳорат, хабарнигори ҷамоатии рӯзномаи “Овози Самарқанд” ДИЛРАБО НАЗАРОВА зодрӯз дорад.

Сухандони боистеъдод, бонуи зебочеҳра, зани фарҳангдӯст Дилрабо НАЗАРОВА 14-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Сариосиё дар оилаи марди бофарҳанг Хидирбой Назаров ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 12-уми ноҳия донишҷӯйи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардид. Дар баробари донишҷӯӣ дар таҳририяти барномаҳои тоҷикии Телевиденияи Самарқанд (СТВ) фаъолияти кориашро оғоз намуд. Қариб 20-сол аст, ки садои марғуладори Дилрабо барои самарқандиён шинос аст. Ҳоло бо лоиҳаҳои гуногуни хабарию фароғатӣ дар шабакҳои интернетии рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва дигар гурӯҳҳои фарҳангӣ фаъол аст.
Муштариёни рӯзномаи «Овози Самарқанд» ин бонуи хушсадоро бо барномаҳои «Смартфони афсонахон» ва гуфторҳои «Гулчини ахбор» хуб мешиносанд.
Инчунин, дар гузаронидани озмунҳои “Дар хона нишаста дарс тайёр мекунем”, “Лоиқхонӣ” бо ҳамкории шабакаи «Омӯзгори тоҷик» ташаббускорию фаъолии Дилрабо Назарова шоёни таҳсин аст.
Дар баробари корҳои эҷодию рӯзноманигорӣ Дилрабо ба дифоъи рисолаи илмии худ тайёрӣ мебинад. Ӯ доим аз пайи меҳнат аст. Дар оила ҳам модари меҳрубон ва ҳамсари вафодор мебошад.
Бори дигар бонуи дӯстдори фарҳангу маънавият, сухандони бомаҳорат Дилрабо Назароваро бо зодрӯз муборакбод намуда, парвозҳои баланди эҷодӣ, тандурустию хонаободиро таманно мекунем. Дуои он дорем, ки шуҷоат, ҷасорат ва матонат ӯро ҳеҷ гоҳ тарк насозад. Бо барномаҳои ҷолиб ва дилангез доим табъи муштариёни рӯзномаро болида созад.

Бо эҳтиром ҷамоаи эҷодии рӯзномаи»Овози Самарқанд»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ