Рӯзи 14 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи 14 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи байналмилалии блогнависон.

Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.

Дар Латвия ва Эстония- Рӯзи ёдбуди ҷазогирифтагони коммунистӣ.

Дар Русия- Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.

Дар Амрико иди миллӣ- Рӯзи парчам.

Соли 1941 Агентии иттилоотии Русия -ТАСС  овозаи омодагии Германия ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд.

Соли 1938 дар Амрико хлорофилл (моддаи сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшад) ихтироъ шуд.

Соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардид. Дар ҷараёни  нишаст Баёния дар бораи  табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба узвияти СҲШ қабул намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

Соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ