Давлатҳои пешсафи Аврупо аз рӯйи ваксина зидди «Covid-19» бо 400 миллион доза шартнома имзо кард

Вазирҳои ҳифзи тандурустии Италия, Германия, Франсия ва Нидерландия бо ширкати фармокологии «Astrazeneca»-и дар ҳамкорӣ бо Англия-Шветсия аз рӯйи коркарди 400 миллион доза ваксинаи зидди коронавирус коркардамешуда шартнома имзо намуданд. Дар ин бора вазири Италия Роберто Сперанса маълум карда таъкид намудааст, ки ваксина барои аҳолии Аврупо мӯлҷар шудааст. «Бино ба нақша, айни замон зинаи ба авҷ расидаи эксперимент то тирамоҳ ба охир мерасад, партияи аввали ваксина то охири сол дастрас мешавад» навиштааст Сперанса дар сомонаи иҷтимоии худ. Вай қайд мекунад, ки номзад-ваксина дар натиҷаи тадқиқотҳои дар Донишгоҳи Оксфорд бурдашуда пайдо шуд. Дар ҷараёни истеҳсолот бошад, аз ҷумла, ҷониби Италия ҳам иштирок мекунад. «Дар маросими имрӯзаи имзомонӣ ба Италия ва тамоми Аврупо қадами нахустини ваъдадиҳанда мешавад. Маълум аст, ки бунёди ваксина дар бартарафсозии муаммои «Covid-19″ ҳалли ягона ба ҳисоб меравад. Ба фикри ман, ин ҷараён ҳамеша таъминкунандаи фаровонии иҷтимоии глобалӣ, ба манфиати баъзеҳо хизматкунанда не, балки дар сифати воситаи соҳиби ба ҳама ҳуқуқи фоидабаранда қабул шуданаш лозим.» гуфтааст Сперанса.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ