Миқдори зиёди маводи нашъмандӣ мусодира карда шуд

Дар асоси маълумот дар бораи аз Ҷумҳурии Афғонистон ба сарҳади Ӯзбекистон бо роҳи ноқонунӣ гузаронидани миқдори зиёди маводи мухаддир ва дар ҳудуди ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё пинҳон кардани он, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии Хизмати бехатарии давлатӣ корҳои тафтишотӣ доир гардид. Дар натиҷа дар ҳудуди наздисарҳадӣ 8 кг. 579 гр. моддаи «опий» ва 2 кг 380 гр. сарамӣ кӯкнор ба тарзи протсессуалӣ расмӣ кунонида шуд.
Дар давоми тадбири зудамал, ки бо ҳамкории Садорати вилоятии Хизмати бехатарии давлатии Бухоро ва Садорати боҷхонаи вилоят гузаронида шуд, дар маскани пост-патрули «Сармиҷон»-и ноҳияи Ғиждувон автомобили боркашони «ISUZU» ки аз рӯйи самти Тошканд-Бухоро ҳаракат мекард, боздошт гардида, санҷида шуд.
Дар натиҷа аз боргоҳи мошин аз байни ашёи сохтмонӣ 1 кг. 870 гр. моддаи нашъамандии «опий» ёфт шуд. Пас аз тафтишот аён гардид, ки он ба мусофири дохили мошин, Ғ. Бебитови соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Қарокӯл, тааллуқ дорад.
Дар раванди тафтишоти ибтидоӣ маълум шуд, ки Ғ. Бебитов ин моддаи нашъамандиро, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, аз сокини ноҳияи Денови вилояти Сурхондарё, И.Юсупов, соли таваллудаш 1961 бо 12 000 доллари амрикоӣ харидааст. Сипас вай ҳам дастгир карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ