15-уми июн — Зодрӯзи нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев Дар таҷрибагоҳи адабиёт

Аз қадимулайём дар сари ин нуқта хосу ом якҷиҳатанд, ки ҳар як касбу ҳунарро устодон ва шогирдони заҳматпеша равнақ бахшидаанд, на ононе ки ба ин арса аз рӯи ҳавас ё тамаъ омадаанд. Касби суханвариро фақат натиҷаи ранҷу заҳмат пиндоштан ғалат аст. Дар ин майдон истеъдоди фитрӣ ва қобилияти модарзоди инсон аламбардор аст. Аз ин аст, ки баъзе гӯянд, пешаи суханварӣ шаҳодатнома надорад, аз бисёр қоидаҳои рӯзгорон мустасност ва мактабу устоди он ҳам рамзе беш нест. Дарвоқеъ, ба ҳар як ҷавони дар суханварӣ каму беш соҳибдаст ҳамаи адибони мутақаддимин ва муосирин ҳаққи устодӣ доранд.
Бо ин ҳама ба назар чунин меояд, ки ҳар як роҳро раҳнамоест ва ҳар як пешаро пирею устодест, ки шогирдро аз асрори басе борик ва нозуки ҳунар, аз лағҷишу каловишҳо, саргармиҳои носавоб сари вақт огоҳӣ медиҳад, ӯро ба роҳи мустаҳкам, ростию покдастӣ ҳидоягар аст. Пирони Машриқзамин фармудаанд: “Бе пир марав ту дар амонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ!” Агар инсон, хоса ҳунарваре ба роҳи хатову носавоб рафт, пешиниён гуфтаанд, ки ӯ дасти пирашро раҳо кард.
Ҳангоми мулоқот ҳаводорони адабиёт баъзан аз ман савол мекунанд, ки аз адибони имрӯзӣ киро ҳамчун муаллим ва устоди худ мешиносам. Ба ин пурсиш ҷавоб гуфтанам ҳамеша мушкил аст. Дарвоқеъ, кӣ ба ман ҳақи устодӣ дорад?
Солҳое, ки ман шеър машқ мекардам, асосан аз осори шоирони пешин ва аз ҳамаи шоирони баркамоли он давр, ҳатто аз ҳамсолони худ ибрате ва сабақе гирифтаам.
Аммо аз он рӯзе, ки дар ҷодаи наср такопӯе оғоз намудам, ман дар ин таҷрибагоҳи адабиёт дасти ду тан устодонро гирифта ва ҳаргиз аз баҳои онон ба эҷоди худ, аз фикру маслиҳатҳои эшон номурод набудам, ноумедӣ накашидам.
Нахустин ҳикояти маро, ки ҳикоят гуфтан он навиштаҳо балки ҷоиз набошад, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Муҳаммадҷон Шукуров хондаанд. Имрӯз асари қалами онҳоро дар варақҳои аз мурури айём зардгаштаи бастаҳои мусаввадаи худ мебинаму ба дили меҳрпарвари онон, ба ранҷу заҳмати аз холисиҳо холистари эшон аз ҷони миннатдор аҳсант мегӯям.
Аз ваҷҳи осори бадеъ, аҳволу омол ва шахсияти муаллим Фазлиддин Мухаммадиев муҳаққиқони адабиёт, дӯстону ҳамқаламон ва шогирдони эшон муддатҳост, ки мақолаҳо ва айёми охир ёддоштҳо интишор доранд ва ин кори пурарзиш ҳароина идома дорад. Аз ин чанд сол муқаддам рафиқе аз ман хоҳиш кард, ки то аз хусуси муаллим мақолае бинависам, аммо ман ин пешниҳодро аз чанд ҷиҳат андешидаму ба корбандӣ ҷасорат накардам. Нахустин андешае, ки маро ба сар омад, ин буд, ки аҳли адабро мабодо гумоне расад, ки ман бо ин мақола ба он кас тамаллуқ мекунам. Ин гумонам бедарак набуд. Дар он айём дар саҳифаҳои матбуот ба ин оҳанг мақолае интишор ёфта, сипас боиси тамасхур ва писхандҳо гардиданашро ҳама ёд доштанд. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ба даври муаллим тамаллуқпешагон ҳам мегаштанд.
Аммо имрӯз ман танҳо аз як боби амали муаллим – аз ранҷу заҳмати ин шахс дар тарбияти шогирдон шаммае ҳикоят кардан мехоҳам, зеро чунин ба назар мерасад, ки дар ин боб сухани гуфтанӣ ва шуниданӣ дорам.
Соли 1971 ман дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” кор мекардам. Дар як хона бо Саттор Турсун менишастем. Рӯзе муаллим аз рӯи одати мудоми худ дар шитоб ба идора даромаданду баъди ҷавоби салом, дасти маро фишурда, суханони табрику таҳният гуфтанд:
— Аз имрӯз эътиборан шумо расман ба сафи носирон гузаштед. Минбаъд шуморо нависанда мегӯем. Хуб коре шуд, ки як нафар шоирро аз арсаи назм кашида гирифтем! — гуфтанд муаллим ва аз рӯи одаташон нимҳазлу нимҷиддӣ ба як навъ оҳанги ифтихоромез.
Сипас муаллим эродҳои худро роҷеъ ба ҳикояи ман “Бобо” ки аз мутолиаи он қаноатмандиашон аён буд, гуфтанд. Муаллим майдагапӣ надоштанд, як-ду эроди асосиро гуфтанду ба ҳошияи мусаввадаи ман ишора карданд, — боқӣ ҳама дар ҳамон ҷо. Метавон гуфт, аз он рӯз эътиборан ман ба навиштаҳои худ аз манзари дигаре чашм андохтам, ҷиддитару амиқтар нигаристанро пеша кардам.

Чун мавриди сухан аст, бояд гуфт, ки осори эҷод кардаи Фазлиддин Муҳаммадиев, хоса ҳикоёти он кас худ барои мо — ҷавонони мактаби насри тозаасосе буд. Усулҳои нави характерофарӣ, моҳирона ба кор бурдани сарвату назокати забони модарӣ, мантиқан устувории калом ва равшании матлабро аз ҳикояву қиссаҳои муаллим омӯхтаем. Таъсири файзбахши осори эшонро дар навиштаҳои ҳамаи адибони ҷавону миёнсоли тоҷик дарёфтан метавон.
Ҳоло мусаввадаҳои худро варақ мезанаму ғайриихтиёр дар тасаввур меояд, ки муаллим барои эҷоди ман чӣ миқдор заҳмат кашидаанд. Ҳол он ки ман аз шогирдони дургарду ба қавле “худобовар” будам ва безарурат муаллимро дарди сар доданро ба худ муносиб намедидам.
Инак, мусаввадаи яке аз машқҳои аввалинам. Дар ҳошияи варақи нахуст бо сиёҳқалам саволе ва зери он “соядаст”-и Фазлиддин Муҳаммадиев: “Аломатҳои китобатӣ ку?” Саҳифаро мулоҳиза мекунам. Муаллим бо сиёҳқалам вергулро, дар як ҷумла пайвандаки “ва” боз чанд аломати фаромӯши маро ҷо ба ҷо ниҳодаанд. Бепичинг, бетаънаю маломат, устодвор, бо тоқату таҳаммуле, ки хоси эшон аст, саҳву ғалати зиёди маро нишон додаанд. Ин замон дар идораи нашрияҳои мо рафиқони хеле ҷавон дар ҳошияи мусаввадаҳои якдигар чӣ суханони нешдор, пичингу кинояҳои заҳрогин менависанд, ҳама огаҳанг. Аз ин бебасарӣ ва бемуравватӣ чаро нагӯем, ки қаламкашон ин корро мояи фахри худ медонанд. Ин фирқа ҷавонон аз он бехабаранд, ки ин кор аломати камхирадӣ ва сабукмағзии инсон аст. Гузашта аз ин, баъзан навиштаҳои худи ин касон аз нуқсонҳо орӣ нест, аксаран аз фикри сараю нафосати борик бенасиб аст. Таассуфовартар аз ин чӣ мешавад, ки аксар ҳангом ин зумра касон бо эроди дурушт ва хӯрдагирии худписандона завқи паст ва тинати ночизи худро ошкор месозанд.
Биёем ба сари матлаби асосӣ. Дар варақи дигаре аз ҳамон ҳикоя ман каҳрамонро бо хонанда равшану возеҳ ошно накарда, зуд ба тафсили воқеа гузаштаам. Муаллим дар ҳошия ин нуқсонро ба тариқи зайл таъкид карда, навиштаанд: “Падаршӯи киро? хонанда бояд чи қадар сабр кунад, то он чизеро, ки бояд равшан бошад, бо азоб бифаҳмад?”
Ин гуна қайдҳои Фазлиддин Муҳаммадиев понздаҳ сол аст, ки дар ҳошияи варақҳои ман сабт шудаанд ва ман ҳар бор аз рӯи эроди муаллим ҳикояву қиссаҳои худро гаштаю баргашта санҷидаам, маслиҳатҳои муаллимро баъзан маҳу солҳо андешидаам.
Муаллим ҳаками одил ва довари пурэътимоди осори адабии давр буданд. Ёд надорам, ки асаре ба он кас писанд наояду дар миёни китобхонон эътибор ёфта бошад. Боре аз хусуси повести ба тозагӣ интишор кардаи адибе фикри муаллимро пурсидам, гуфтанд: “Маслиҳатро гӯш надод, саросема ба нашр супурд… Баъзеҳо тамошояшро бинем гуфтанд-дия…” Дарвоқеъ, аз он асар дар адабиёти мо ҳеҷ нақше намонд, гӯё беасар гум шуд. Имрӯз баъзе аз рафиқони мо фикру ақидаи худро он қадар беқурб кардаанд, ки ҳеҷ хиҷолате накашида, баъзан асари беҳунариро тавсиф мекунанд ё нишони истеъдодро фаҳманд-нафаҳманд, инкор месозанд. Ингуна фикри бебурд пеш аз ҳама гӯяндаро беэътибор мекунад. Балки баъзе аз ин доварон худ қаллобони риёкоранд, аммо гумон доранд, касоне, ки хомӯш сухани оноро гӯш медиҳанд ё мехонанд, шояд хақиқати ҳолро нафаҳманд ва ба қавли онҳо бовар кунанд.
Ман баъди хотимаи ҳар як асари худ ба беқарорӣ интизор мегаштам, ки кай онро муаллим мехонанд ва фақат баъди аз назари он кас гузаштани он ҳикоя ё қисса андаке хотирҷамъ нафас мегирифтам.
Аз ин ҷиҳат, агар гӯям, ки ҷои муаллим дар пешгоҳи маҳфили мо ҳамеша холист, дигаре он касро иваз карда наметавонад, ҳаргиз муболаға нахоҳам кард. Баъзан худ ба худ меандешам: сабаби эътибори фикри муаллим чист? Ба гумони ман, авалло – ҳаққоният ва сониян, нозукбинӣ ва борикандешии муаллим аст. Ҳаққоният пеш аз ҳама.

Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун адибу устоди хушзавқ дар баҳо додан ба осори адабӣ, ба гумони ман, саҳв накардаанд ва аз ин ваҷҳ хурду бузург он касро эҳтиром дорем. Агар саҳву ғалатфаҳмиҳои дигаронро муаллим ислоҳ намекарданд, дар тассавур овардан муҳол аст, дар адабиёт мо чӣ харҷу марҷе даврон мекард, чӣ дағдағаю дағалбозиҳое барпо мегашт. Хоса, имрӯз, ки баъзе рафиқон дидаю дониста ҷави якеро гандум ва гандуми дигареро сабӯси маҳз меҳисобанд ва аз ин ҳукми худ ҳаргиз азоби виҷдон намекашанд, ҳиҷолат намешаванд аз он намеҳаросанд, ки дилу рӯҳӣ худро ба каҷию норостӣ олуда, дари кашфу эҷодкориро ба рӯи худ мебанданд. Пирони Шарқ овардаанд: инсоне, ки худ ба дурӯғу дағо олуда аст, дигар қобили эҷод нахоҳад буд. Ба ғайр аз ин, ба танқиди беасос дар ин замони мо кӣ бовар мекунад? Инчунин касони хомандеш ва содагарав дар ин айём аз модар намеоянд!? Аз тавсифи беасос ҳам чӣ суд? Чунон ки гуфтаанд, таъриф барои фотеҳ танбон намешавад. Вагарна китобҳои адибоне, ки пайваста таърифу тавсиф мебинанду худро тарғиб мекунанд дар дӯконҳо бехаридор намемонд.
Соли 1983 дар шумораи сеюми маҷаллаи “Садои Шарқ” повести ман “Тору пуд” ба нашр расида буд ва ман пеш аз ҳама аз хонандагон қаноатмандию миннатдориҳои зиёд қабул кардам. Муҳокамае, ки дар Москва Иттифоқи нависандаҳои СССР барпо карда буд, онро дар силки чанд асари дигар аз комёбиҳои солҳои охири адабиёти тоҷик хисобид. Чӣ гӯям, ки агар Фазлиддин Муҳаммадиев қимати бадеии онро пай бурда, ҳамчун устоди ғамхори адабиёт ба интишори он сабаб намегаштанд, ин қисса хеле овора буд ва балки ба осонӣ ба дасти хонандагон намерасид ва ё мисли баъзе асарҳо паркандаю фишурда мегашту хароб мешуд.
Обро барои бозӣ гилолуд намекунанд. Касоне ҳастанд, ки аз инчунин дағалбозӣ ва риёкорӣ манфиате бардоштан мехоҳанд. Аммо ин зумра бехабар аз онанд, ки меъёри инсони ҳунарпеша истеъдод ва виҷдони бузург аст.
Ману ҳамсолони ман — ҳама худро аз он хушбахт мешуморем, ки аз муаллим дарси эҷодкорӣ гирифтаем ва мегирем. Адибони навмашқ балки ин навиштаҳоро хонда, дар ҳарос афтанд, ки чи гуна кас дар тӯли понздаҳ сол аз шогирдӣ берун наояд. Бале агар, ба панҷоҳу шаст даромадан насиб гардад ҳам, мо шогирди устодони хештанем. Ба гумонам, навиштаҳоям айёми охири ҳаёти муаллим аз он овони шогирдӣ ва навмашқиҳоям ҳамин қадар тафовут доштанд, ки устод аз онҳо камтар дилтанг мешуданд ва эродҳояшон ҳам рангу бӯи дигар дошт. Тафовути дигарам ин буд, ки баъзан ягон калима ва маънии аз шаш ҷиҳат ба эродҳо пешравро сахт мегирифтаму аз муаллим, хоҳиш мекардам, ки боре уболу савоби онро ба ман бубахшоянд.
То ки матлаб ба хонанда равшан бошад, мисоли онро хотира мекунам: Ибтидои соли 1983 буд, дар рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” “Ташнагӣ” ном ҳикояи ман интишор ёфт. Бо хоҳиши идораи нашрия муаллим Фазлиддин Муҳаммадиев онро қабл аз чоп мутолиа кардаанд ва фикри худро мисли ҳамеша бо сиёҳқалам дар паси варақ навиштаанд. (Чун мавриди сухан аст, бояд қайд кард, ки баъзе рафиқон агар аз навиштаҳои дигарон як ҳарфи ғалат ёбанд ё фикри ба ақидаи худ номувофиқеро пай баранд, бе ҳеҷ истиҳола бо ранг варақро сиёҳ мекунанд!) Ин ҷо суханони навиштаи муаллимро айнан иқтибос мекунам: “Мулло Баҳром! Ба ҷиҳати мантиқ боз як назар кунед; ғӯза (?) акнун сар бардошта бошад, онро на зан, на мард каланд намекунанд — ҳанӯз ба каланд наомадааст.
Гузашти айём фаромӯш нашавад. Аз нақли шумо тахмин апрель мебарояд, аммо зан мегӯяд, ки ғӯзаро об додам. Ф. М.”

Ман ҳикояро дигарбора мулоҳиза кардаму санҷидам, баъзе эроди муаллимро ислоҳ кардам, аммо ҳар қадар андешидам, яке аз эродҳояшон дар назар бо ҳақиқат ҷуфт наомад. Муаллим ба калимаи “ғӯза” савол ниҳодаанд. Ман қаблан медонистам, ки калимаи “ғӯза” дар замони қариб аз истифода афтодааст, бинобар он, ҳама яктан ба он эрод хоҳанд гирифт. Аз ин ваҷҳ аломати савол ниҳодани муаллим як амри табиӣ буд. Вале ман хостам ба тариқи таҷриба боре онро истифода кунам. Роҷеъ ба “ғӯза” муддатҳост, ки меандешидам ва хеле санадҳо далели роҳам буд. Бешак “ғӯза” пахтаи имрӯзи мо нест, аз он каме тафовут дорад ва китобхони имрӯз агар наврустаи онро “ғӯза” гӯем, гумон аст ки ин кӯҳнаковиро қабул кунад, зеро хеле айём гузашт, ки он аз забон афтодаст. Бо ҷурми қаламкашони кӯрсавод аз миён рафтаст. Аммо чӣ кунам, ки ибораи “ниҳоли пахта” ба ман ҳеҷ хеш намеояд. Дурушту дағал ва хилофи қоида барин ҷилва дорад. Вале он кайҳо ба забони мо сар дароварда, ба гӯшҳо нишастаст, ба касофати кадом як тилмочи безавқ ба тарзи калька тарҷума шуда, имрӯз ҳилофи мазмуни урфӣ маъруфият дорад. Вагарна кӣ намедонад, ки “ниҳол” дарахти навруста аст, асосан, то сесола! Шуарои пешин ва имрӯзӣ ҳам қомати борику мавзуни дилбаронро ба ниҳол ташбеҳ карданд.
Ман аз паи калимаи “ғӯза” афтодаму деҳқонони солдидаро, онҳоеро, ки аз қадим пахтакорӣ доштаанд, пурсуҷӯ кардам. Пирони деҳқонӣ таъбири “ниҳоли пахта”-ро дар солҳои охир шунидаанд ва ҳанӯз дар забони онон ҷорӣ набудааст. Дар Миёнкол тоҷикон пунбадонаи аз замин рустаро “ғӯза” мегуфтанд ва аз ин ҷост калимаи “ғӯзапоя”, ки имрӯз миёни мардум маъмул аст. Ҳосили бастаи онро “кӯсак” мегуфтаанд ва андаруни кӯсак — пахта. Миёни деҳқонони атрофи Самарқанду Бухоро вобаста ба тунукии кишт масале машҳур аст: “Ғӯза — каландрав, ҷуворӣ — шутурдав.”
Бо чунин андешаҳо, бештар аз паи таҷриба ман дар он ҳикоя “ғӯза”-ро ба ҷои “ниҳоли пахта” ба кор бурдам, то бубинам забоншиносон ва шевасанҷон чӣ мегӯянд. Дареғо, ҳеҷ касе ба ман нагуфт, ки ин амали ман дуруст буд ё хато.
Ман аз овони наврасӣ бо кори пахтазор ошноям, баъзан пунбадона сабзида (“чигит” не!) ба рӯи хок баромада-набаромада, онро об медиҳад, то замини сахт монеи нумӯъи ғӯзаи наврас нагардад ва ҳамчунон бо каланд рӯи ҷӯякҳоро ҳарош медиҳанд…
Муаллим ҷустуҷӯ ва такопӯҳои шогирдонро ба диққат менигаристанд, таваккалоҳангии онҳоро агарчи бисёр дида ва санҷидаанд, тамасхур намекарданд. Дар тасдиқи ин гуфтаҳо воқеаҳои бисёреро хотира кардаам, аммо метарсам сухан дароз мешаваду аз ҳадди мақолаи рӯзнома мегузарад.
Дар боби сухан аз тоқаоварӣ ва худбиноҳо ҳамеша дар ҳаросам. Медонам, баъзе аз рафиқон назари худро бемуҳобот тарозуи адабиёт мепиндоранд ва ҳаргиз аз дилашон гумоне намегузарад, ки саҳв хоҳанд кард, беибо даъвоҳое мекунанд, ки миёни борику нозукашон ҳаргиз тоби бардоштани он бори гаронро надорад. Муаллим борҳо аз сари тамкин дами ингуна муддаиёнро паст карда, адабиёт ва забони фасеҳи моро аз “тозакориҳо” -и онҳо ҳифз кардаанд.
Дар адабиёти мо замони баёни соддалавҳонои тавсифомез, ки солҳои пеш дар адабиёти рус онро “инфантильная описательщина” ном карда буданд, имрӯз агарчи камравнақ аст, вале давом дорад. Фазлиддин Муҳаммадиев бо осори адабии худ на фақат тамоми он каломи дурӯғиншукӯҳ ва хасакиро инкор карданд ва барои дидани моҳияти аслии осори бадеъ чашми хонандагонро кушоданд, балки тарзи эъҷодкориро низ ба мо омӯхтанд.
Устоди хақиқӣ бемансабу рутбаҳои баланд ҳам устод буданашро Фазлиддин Муҳаммадиев барои мо дар ҳаёт собит карданд. Устодонро бо фармонҳо таъйин кардан ва ё интихоб намудан ҳам натавон, устодонро ба мо давру замон худ пешниҳод мекунад.
Муаллим имрӯз дар миёни мо нестанд. Набудани он касро ҳар замон, дар сари ҳар қадам эҳсос мекунем. Маро дар инчунин маврид суханони Хоқонии Шервонӣ ба ёд мерасад: “Ку сухансанҷе миҳин, то бар сухан бигристӣ…”
БАҲРОМ ФИРӮЗ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ