Таърих ва тақдир қудрати барҳақ аст

Таърих ва тақдир қудрати барҳақ аст
  • Post category:Фарҳанг

Аксарияти мо дар бораи навишта шудани ин асар хабар доштем. Муаллиф чанд сол пеш варианти электронии онро дар блог-­сайти худ гузошта буд. Вале мо ҳамон чопи онро мунтазир будем.
Умуман, ҷамъиятамон романеро, ки дар бораи ҷадидон, аз ҷумла, яке аз намояндагони барҷастаи он Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ навишта мешавад, дер боз интизор буд. Ва ин бесабаб нест. Чунки қисмати ҷадидон ва ин шахси таърихӣ аз бисёр ҷиҳат ба оммаи васеи мардум мавҳум мондааст. Ӯро дар чилучорсолагиаш ваҳшиёна куштаанд. Ғайр аз ин, баъди чанд соли маргаш «душмани халқ» хондандаш.
Чаро? Барои чӣ? Ҳеҷ кас ба ин саволҳо посух намедод. Вале ба вуҷуди ин, ҷустуҷӯйҳои илмӣ мебурданд ва натиҷаи онҳо рӯйи чопро медиданд.
«Ҷадидҳо ҷасорат нишон доданд, аммо дар замони шӯроҳо кӯшиши боҷуръатонаи олимони маърифатпарварамон барои аз нав зинда кардани онҳо кори ҳазл набуд. Аллоҳ ба шодравонҳо Иброҳим Мӯъминов, Солеҳ Қосимов, Аҳмад Алиев, Бегалӣ Қосимов, Абдумӯъмин Фаттоев аз ҷаннаташ ҷой дода бошад!».
«Остонаи хонадони Наим Каримов, Шоҳруххон Беҳбудӣ, Ингеборг Балдауф, Сироҷиддин Аҳмадов, Шералӣ Турдиев, Бойбӯта Дӯстқароев, Ҳалим Сайид, Зебо Аҳророва, Дилором Алимова, Шӯҳрат Очилов, Нилуфар Намозова, Сайдӣ Умиров ва дигар дилсӯзон осуда ва умрашон дароз бошад».
Аз ин гуфтаҳои дар роман овардашуда маълум мешавад, ки Нусрат Раҳмат барои навиштани ин асар хеле вақт пухта тайёрӣ дидааст ва асарҳои шахсони дар боло номашон қайдшударо мутолиа кардааст.
Вақте дар бораи роман ҳарф мезанем, бояд қайд кард, ки аввало номи китоб диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад. Чуноне ки худи муаллиф таъкид мекунад, «Ба асарамон «Ҷадид», («Ҳикояҳои ба Беҳбудӣ бахшида») ном гузоштем. Чунки ин ҳикояҳо танҳо дар бораи Беҳудӣ ва ҷадидҳо не, балки барои онҳое, ки ҷони худро ба маориф ва маънавият бахшидаанд, тамаддунашон баланд ё ночор буд, тафовут ва зиддиятҳои байни онҳо низ аст.
Асарро «Ҷадид» номидем. Чӣ тавре ки беҳбудишинос Сироҷиддин Аҳмад таъкид кардааст, дар асл ин калима, ки маънои «нав»-ро дорад, аз тарафи миссионер ва мутаассибон бо мақсади таҳқир истифода шудааст. Вале баъди гузаштани замонҳо гӯё он ба маънои аслии худ расидааст».
Баъди хондани романи «Ҷадид» мо дар бораи ҳаёти ҷадидон тасаввури бештар пайдо мекунем. Вале, ба фикрам, ҳоло низ онро амиқ намедонем, то ба охир дарк накардаем. Дар ин самт ҳоло ҷустуҷӯйҳои бисёр, кушода шудани сирҳои «махфӣ» ва «мутлақо махфӣ» дар пешанд. Боварӣ дорем, ки дар ин кор романи «Ҷадид» низ таконе хоҳад дод. Чунки дар асар дар бораи ҷанг, сабабҳои он, пешгирӣ кардани хунрезии байни одамон фикрҳои ҷасурона оварда шудаанд, ки қаблан ҳеҷ кас нагуфтааст, ё ки мо дар ин бора нахондаем:
Ҷанг! Аз бозе, ки инсоният бунёд шуд, онро маҳкум мекунад. Вале сарфи назар аз ин одамон ҳамон хуни якдигарро мерезанд:
«Ҷанг! Он чист? Чашмгуруснагӣ, эҳтиёҷи табиӣ ё ки зарурати таърихӣ аст? Эҳтимол, моҳиятан, ҳамаи мо аслиҳае дар дасти таърихем ва барои аз доираи он баромада натавонистанамон ҷанг мекунем?!
Сари хамшударо шамшер намебурад, мегӯянд. Вале ҷанг то ҳамин дараҷа бешафқат ва беадолат аст, ки сари хамшударо низ аз тана ҷудо кардан мегирад.
Не, не, ба фикри ман ҷанг пеш аз ҳама задухӯрди маърифат ва ҷаҳолат, саҳеҳтар гӯем, оқибати нисбатан вазнинтар шудани бори китфи чап (ҷаҳолат) аст.
Ҳамаи мазҳабу динҳо одамкуширо мазаммат мекунанд, вале ҳам насроние, ки дар калисо салиб мекашад, ҳам мусалмоне ки дар масҷид сар ба саҷда мегузорад, ҳангоми ҷанг аз хунрезӣ худро боздошта наметавонад. Беадолатӣ бар болои беадолатӣ: шахсе, ки худ надониста, ҷинояти ночизе кардааст, ҳабс мешавад, вале номи ҷинояткороне, ки ҷангро сар карда, сабабгори марги ногиро ва ватангадо шудани миллионҳо нафар одамон мешаванд, дар аксарияти ҳол дар таърих мемонад.
Ҳа, майлаш… Чӣ ҳам бошад, ҷангро ҳеҷ гоҳ одамони нек сар накардаанд…»
«… Одатан ҳамин тавр мешавад: ҳангоми баҳо додан ба ин ё он ҷараёни таърихӣ, воқеияти иҷтимоӣ, дар аксари ҳол манфиатҳои шахсӣ рӯйи об мебароянд.
Вале таърих ва тақдир ном қудрати барҳақе ҳаст, ки онро инкор карда намешавад!
Пинҳон карда, чӣ кор кардем? Оё замоне саркардаҳои мо низ диёр ва шаҳрҳои дигарро ҳамин хел маҳв накардаанд, хуни бандаҳои бегуноҳро нарехтаанд, сарватҳои ҳамон диёрро кашонда наовардаанд, нашъаи фотеҳиро начашидаанд?! Чунки барои ҳамаи кирдукор, ҳатто шӯҳрат ва зафари ногаҳонӣ ҳам, дар он дунё не, дар худи ҳамин ҷо ба ҷавоб додан рост меояд. Чуноне ки додани қарзи падари аз олам гузашта ба писараш шарт карда шудааст, оё ин барои авлодҳои гузашта товон додани фарзандон нест?!
Эҳтимол салтанатеро, ки бобоҳоямон инкор кардаанд, бешафқатона инкор кардани таърих ва тақдир ҳамин аст?!
Барои инро тан гирифтан талаб карда мешавад, ки худро аз манфиатҳои хурд ва шахсӣ андаке боло гузорем».
Баъди хондани ин сатрҳо ҳар як одами дурандеш ба ин фикр бетараф намемонад. Вай бешубҳа, ҷангро мазаммат мекунад, ба онҳое, ки ба сар задани он сабабгор шудаанд, лаънат мехонад ва аз он, ки дар садаи XXI – оғози ҳазораи саввум низ дар ин ё он кунҷи рӯйи замин одамон хуни якдигарро мерезанд, ғамгин мешавад.
Ин ғояҳоро эпиграфҳои баъди ҷустуҷӯйҳои тӯлонӣ дар ҳар боб мӯшикофона интихоб кардаи муаллиф низ тақвият медиҳанд. Хонанда фикрҳои «Шаҳри душман маҳв карда, ба духтари ору номусаш зери по шуда монанд аст» (Лев Толстой), «Ҷангро ҳамеша одамони бад сар мекунанд, вале дар он инсонҳои асил нобуд мешаванд» (Фридрих Нитше) ва ғайраро мутолиа карда, бешубҳа андеша мекунад, ки чаро мо ҳамон дар ғафлатем.
Романи «Ҷадид»-ро бо завқ мутолиа кардем, вале ба саволи кӣ сабабгори марги Беҳбудӣ буд, ҷавоби саҳеҳ ва боисбот ёфта натавонистем. Ҳамон мо онро тахмин мекунем. Чунки даъвоҳои аксарияти тадқиқотчиён исботи худро пурра наёфтаанд, кӣ қасди ҷони ин маърифатпарвар кардааст? Болшевикҳо, амири Бухоро ёки тасодуфе?
Хулоса, романи устод Нусрат Раҳмат дар равшан кардани таърихи ҳаракати ҷадидон қадами қатъие ба пеш аст. Маҳз ба туфайли чунин кӯшишот ва заҳматҳо фаъолияту кисмати Беҳбудӣ ва дигар ҷадидон равшан карда мешавад ва баҳои ҳақиқии худро мегирад.

Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ