Барои хатмкунандагони мактаб имтиҳони ягона ҷорӣ карда мешавад

Барои хатмкунандагони мактаб имтиҳони ягона ҷорӣ карда мешавад


Дар Ӯзбекистон аттестатсияи ниҳоии давлатии хатмкунандагони мактабҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ, ҷорӣ намудани имтиҳони ягона ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора, дар қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатии қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соли таҳсили 2020/2021» оварда шудааст.
Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки Маркази давлатии тестӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Вазорати таълими халқӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо бояд пешниҳодҳо дар бораи унификатсияи давлатии ниҳоии хатмкунандагон ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олиро то 1-уми сентябри соли 2020 таҳия намуда ба Администратсияи президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон пешниҳод карда шавад.
Инчунин қайд карда мешавад, ки аз соли таҳсили 2021/2022 эҳтиёҷоти кадрҳо тавассути системаи ахбории «quota.mineconomy.uz» ба таври автоматикӣ ташаккул меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ