15-уми июн: аз Рӯзи байналмилалии шамол то рӯзи дарахтшинонӣ дар Коста-Рика

15-уми июн: аз Рӯзи байналмилалии шамол то рӯзи дарахтшинонӣ дар Коста-Рика

Рӯзи байналмилалии шамол.

Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.

Дар Озарбойҷон — Рӯзи миллии наҷот.

Дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.

Соли 1876 дар Ҷопон сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1883 дар Олмон қонуне ба тасвиб расидааст, ки дар вақти беморӣ суғуртаи кории кормандро танзим менамояд.

Соли 1905 Русия ва Ҷопон дар шаҳри Вашингтон барои гузаронидани музокироти осоишта ба мувофиқа омаданд.

Соли 1982 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Венгрия дастаи миллии Салвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кард.

Соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 1999 дар Белгия фурӯши «Кока-Кола»-ро бо сабаби доштани моддаҳои зиёди кимиёвӣ манъ намуданд.

Соли 2011 ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ